Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба гумони Бозор, ки онҳо роҳгузаранд, вале сари харҳоро ҷониби чўпонхона гардонданд. Бозор аз дурӣ онҳоро шинохт: амаки Ҳамроҳу Муҳаммадича. Нагурехт, балки пешвоз омад.
— Бозор!? – баробари ўро дидан тааҷҷуб кард амаки Ҳамроҳ,
– Ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ?
— Шикор.
— О туя... – гуфтаниашро нагуфт ў, – о туя Вахш рафтагӣ гуфтанд... Одам ба кайк ситеза карда пўстин намесўзад.
— Чӣ кор кунам буд? Худатон бохабар.
— Қатори мардум будан беҳ: муранд – мемурӣ, зиянд – мезийӣ.
Як қуруту як каф ғўлунг ба ту ҳам мерасид. Ту ғайб задӣ, ман бузғолабон шудам, қавалибон шудам. Ё тарсидӣ?
— Не, амак.
— Натарс! Замони зўрӣ гузашт.
— Лекин замони тўҳмат чӣ? Номардӣ чӣ?
— Натарс, инаш ҳам мегузарад... Ба колхоз сидқ доштан лозим. Сидқи соф. Ҳозир давраи мушкилӣ, вақти дарду алам, лекин иродаи одамӣ бояд аз ҳамаи ин чизҳо боло бошад. Очаю додот рафт, акаат рафт... Ту ҳам мехоҳӣ, ки... Нее, қасос гирифтан лозим, қасоси ману ту меҳнат, кор... Хайр, ҳозир кори колхоз несту ин ҷойҳо мегардӣ. Баҳор ки шуд, ҷойи ману ту даруни ҷўю воти дашт:
ҷўй меканем, побел мекунем, пору мекашем, дона мепошем.
Дар ин миён Муҳаммадича харҳоро бурда ба дарахти тут баст ва хўрҷинҳоро аз пушташон гирифт. Амаки Ҳамроҳ аз кисааш қуруту ғўлунг бароварда ба Бозор дод: «Барор дорад?» пурсид ў.
«Ҳа».
— Дар чашми хўрҷин ҷелаҳои нав, гиру бурда ба ҷойи дилхоҳат каш, – гуфт амаки Ҳамроҳ ва Бозор наметавонист рад кунад...
Дар ҷелаҳои нави ў кабк намеафтид.
Амаки Ҳамроҳ нон оварда буд. Ба миёна гузошт. Бозор ду кабк овард, ки навдакабоб кунад. Ў дасташро дошт: «Бисёр?»
«Не».
— Набошад, сарф накун, лозим. Ман пагоҳ ба деҳа рафта орд меорам, кўмоҷ кунед, лекин кабк лозим, лозими лозим. Боз чандто хаст?
— Нест.
— А, акои Курбон?
— Нест. Буд, ки Мустафо орд овард.
— Ҳаром-паром ҳам бошад, мешад.
Таги дили Бозор оташ баровард, даҳон пур мекард, ки ҳаст гўяд, дилаш раъй намекард. «Не гў, не гў!» зарби заданн дилаш чунин талқин мекард. Ва Бозор, ки ба амаки Ҳамроҳ менигарист, худро гум мекард: «Дурўғ нагў», ба худ мегуфт ў ва боз бадиққаттар ба ў менигарист, ки вай ба касе монанд, не, танҳо ба худаш ва баъд ба Ҳотами Тойи афсонавӣ монанд: ҳоҷатбарор, мададгор.

пешина
аз 393
навбатӣ