Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ОТАШБАСАР

Ҳамаашро очааш ба ў гуфта буд... Рост, пеш аз ҳама душманро бояд шинохт, шиносӣ, кор осон мешавад, медонӣ, ки аз кӣ худро ҳимоя кунӣ. Душмани мо нишона дорад: вай ки пайдо шуд, дар тори сараш оташ аланга мезанад, гуфта буд ў. Барои ҳамин номаш
– Оташбасар. Оташи тори сари ў фақат ба чашми мо метобад. Аз дигар ҷонварон нагурезӣ ҳам, аз Оташбасар бояд бигурезӣ...
Очаам нав ба дарси рўзгор сар карда буд: боби дўсту душманро мехонд, вале ба боби макру ҳиял нарасида, чунин ҳодиса рўй дод: аз чашмаи зери дўлонаи канори роҳ об мехўрдем – яке серӣ хўрда, дигаре нав ба об расида буд, ки Оташбасар пайдо шуд.
Очаам ўро дида, садое баровард ва адирро боло шуд, мо низ аз пайи ў тохтем. Оби хўрдаам аз биниам баромад: вазнин шуда будам, тохта наметавонистам, дар адири санглох поям мелағжид:
ба назарам, ки ман онро кашола карда наметавонистам: шикаста барин. Қафо монда будам. Онҳое, ки нўлашон ба об нарасида буд, ё тез медавиданд, ё парида аз очаамон пеш мегузаштанд.
Оташбасар наздик мешуд, ба назарам, ки ҳозир даст дароз карда, пеш аз ҳама маро мегирад. Ва ё ана-ана пуф мекунаду аз даҳонаш оташбод бароварда, мо чўҷаякони сихпарро месўзонад. Очаам баргашта ба пас нигарист ва маро аз ҳама ақиб дида, «қиғ» гуфт.
Ман фаҳмидам, ки ў чӣ мегўяд, аммо илоҷ надоштам, илоҷи гурез надоштам... Пеши чашмам очаам мисли санги сиёҳ дар адир ғелон шуд. Гумон кардам, ки оташи ў пеш аз ҳама очаамро сўхт. Барои ҳамин сип-сиёҳ гашта меғелад. Фарёд задам: «чу-чу!» ва аз пайи очаам тохтам. Очаам магар ба худ омад, ки як бор ба по рост шуда, ба тори сари ман як нўл зад ва боз ғелид. Надонистам, ки очаам барои чӣ ин корро кард... Очаам сангсифат меғелид, вале ман ҳайрон, ки чаро Оташбасар аз пайи ў намешавад, балки ҷониби ман меояд. Ман гаранг, аз зарби нўли ба сарам задаи очаам гаранг. Аҷаб, наход, ки очаам барои ҷони худро халос кардан ин корро карда бошад? Наход, ки маро қурбон карда, худро зинда мондан хоҳад? Ман гаранг, ба сарам ҳар хел фикрҳо меояд; хаёлам, ки ҷаҳида ба тори сари ў бароям ва бар сараш нўл зада гарангаш кунам, вале метарсам, метарсам, ки месўзам, дар оташаш месўзам ва... Ҳа, ҳоло ба дараҷае болҳоям қавӣ нашудаанд, ки парида ба сари ў бароям ва ба сараш нўл занам. Ҳамин корро карда натавонам ҳам, чунин ғайрат дорам.

пешина
аз 393
навбатӣ