Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Пеш биё, бачча!
Ҳамин хел як садо ба гўшам расид. Аммо ман надонистам, ки ин садойи кӣ буд ва киро мегуфт. Ҳамин қадарро дидам, ки ҳама ба ман нигаристанд, аммо амаки Юсуф на сўйи ман на менигарист вэ на эътибор медод.
— Пеш биё, мегўм!
Боз такрор шуд ин садо, вале ман намедидам, ки ин овоз аз даҳоми кӣ мебарояд. Одамон мадад карданд ба ман: «Туро мегўяд, бачча... Ўй, даҳаняла, пеши Юсуфҷон биё!»
Ҳақиқатан даҳаняла будаам, зеро дар он ҷо ҷуз ман баччае набуд ва ҳоҷати андеша надошт, ки амаки Юсуф киро даъват мекунад.
— Ассалому алайкум!
— Ваалайкум! – нигоҳ накарда алейк гирифт амаки Юсуф ва надид, ки то чӣ андоза дар ҳаяҷонам.
— Ман писари Раҷаби неконӣ!, – гўё худро шинос карданӣ шудам, аммо аз ҷониби амаки Юсуф ягон дарку эҳсос ё ҳаракате маълум машуд. Гумон кардам ў нашунид: – Ман писари Рачаби некомӣ, – гуфтга акнун носкадуро бароварданӣ будам, ки якрўя шуда ба ман зеҳн монд ва дурудароз нигарист. Худро гум кардам. На табассум карданро медонистам, на абрў гиронданро, на сурфиданро...
— Кар не...
Хуш наомад ба ман ин ҷавоби ў. Дасту дилам аз корам хунук шуд ва яқин кардам, ки ба ман аз дигарон ҳам батар муомила мекунад.
— Нижний - средний! – хитоб мекард сўйи онҳое, ки молашонро қабул мекард ва онҳо ба тавалло медаромаданд, ки ақаллан «средный» нависад, вале ў аз қавлаш намегашт:
— Гапи мард якта! Маъқул набошад, молатонро пеш-пеш карда равед.
Ба тани ман ларза даромад, ки говонро баргардонда барам, аз дасти дуздҳо дар ин роҳи дароз ба як ҷо мерасам. Амаки Юсуф сар хам, дону нодон, тону нотон ба забони русӣ квитансия навишта, ба соҳиби мол медод ва мегуфт: «Пулатона баъд мегиред... кай ки омад...»
— Ба ман ҳозир пул лозим, вагарна говамро ба гўшт намедодам...
— Ин хел бошад, бозор баред буд.
— Охир шўъбаи андоз сахт гирифт, вагарна ман гови фурўшӣ надорам...
— Ин хел бошад, сабр мекунед... Говатон гўшт мешавад, гўшт ба фурўш меравад, пул мешавад, он гаҳ...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо