Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

кушиш
Ман он вақт кўдак будам; ба ишора ва муомилаи калонсолон чандон сарфаҳм намерафтам. Баъзан кунҷкобона менигаристам, ҳайрон менигаристам ва баъзан бо даҳони воз, ки бо вораҳоям сухан мешунида бошам, бо даҳани кушодам маънӣ фурў мебурда бошам. Ростӣ, он вақт кам пирони аз асри гузашта омада хати моро хонда метавонистанд. Аз ин рў онҳо ба ҷое қосид фиристоданӣ шаванд, ягон чизашонро медоданд, ки ба он ҷониб расонида, фаҳмонанд, ки қосид меояд; ё носкаду ё корду банд, ё тозиёна, тоқӣ ва фўтаашонро медоданд, ки он ҷониб ба ҳарфи қосид бовар кунад... Падари ман «салом расонӣ, кифоя» гуфта, чанд говро ба ман супурд ва илова кард: «Вай ҳар рўз гўшт қабул намекунад. Ту говҳоро бурда ба гўшт супор, сиҳат шавам, худам пулашро рафта мегирам». Вале ман аз дарвоза набаромада, боз ҷеғ зад: «Номаш
– Юсуф, амаки Юсуф. Чандон калонсол не, чил-ба будагист-дия...
Мардаки хушчақчақ. Аз сад навада мезанад. Лекин ту гўй, ки ман писари Раҷаби неконӣ ва ин носкадуро нишон диҳӣ, муомилааш дигар мешавад...» Ман он вақт намефаҳмидам, ки аз сад навадро задан чӣ маънӣ дорад, баъдтар дар муомилоти одамон ин чизро пай бурдам ва дарёфтам...
Амаки Юсуф марди газгўшти чолок буд. Ба назар дар сараш ду майна дошт: майнаи қисми пеши сараш тез кор мекард ва ўро ба хурўш меовард, пару бол мебахшид: ҳарфаш тез буд, чашмонаш сойиқа дошт, ҳушу хаёлаш барқосо кор мекард ва дасту пояш як лаҳза ором будан намехост. Аммо майнаи қисми паси сар хуфта менамуд ва ба корҳои чолоконаву зираконаи ў ёвар намешуд, балки ўро ба тамкин мекашид: оҳиста бош, эҳтиёт бикун, тез нашав, дағал мабош – санги вазнинро об набурдааст, мегуфт ва ин чизро дар паси чашмони тези ў хондан мумкин буд. Ин хел одамро дар умрам надида будам. Ва ҷуръат накардам, ки наздик равам. Говонро дуртар боздошта, ба рафторҳойи ў диққат додам:
ба назар танҳо ба кори худ гирифтор буд; дуртар аз тарозуйи фарох чизеро намедид ва хотирашро парешон кардан ҳам намехост, аммо 6о гўшайи чашм на танҳо атрофиён, балки одамони дар роҳҳойи дур гов пеш андохта омадаро медид. Вале ман гумон доштам, ки ў маро на мебинад ва дар миёни одамони бузург ба ман эътибор ҳам намедмҳад. Зеро ман дуртар меистодам ва одоб намедонистам, ки аз бузургсолон пеш гузашта, назди амаки Юсуф рафта, саломи падарро расонам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо