Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Надонистам чӣ кор кунам: курсиро як лагад занам ё ҳалқа аз сар барорам. Чӣ шуда бо ҳамсоязанак. Садо аз ҷониби ҳавлии Маҳмудшон меомад, ба овози модари ў монанд буд. Ў ҳар гоҳ Маҳмудро ёд карда: «Во алам, ҷигарам!» мегуфт. Ҳоло «во хонем!»
мегўяд. Чизе дар гулўям танг омад. Чашм пўшидам, ки мурдам.
Олам тира гашт. Акнун аз ин хонадон ҳам садои гиря мебарояд:
«Ғўрамаргам, номуродам, бенасибам, берўзиам, хорузорам!!!»
Ин танҳо садои модарам… Садои модари ошиқам… Аммо овози падари раҳдуру гумроҳамро касе намешунавад…
Вале садои осмонии дарвоза нақшаҳоямро барбод дод.
Ҳайкал гаштам рўйи пояи чўбӣ. Модарам яктоз омад. Сумкааш рўйи пояш зада парид канор ва ў рў ба рўям боз истода ду шаппотӣ зад ба рухонам: «Ҳаминаш кам буд!»
Ман ҳоло ҳам ба худ наомада будам. Аз ақл бегона метофтам.
Пас модарам оғўш кард аз пойҳоям. Бардошт, то ҳалқа танг наояд. Дасти рост дароз карда ҳалқаи маргро бардошт… «Оҳҳҳ…»
Аз гулўи очаам баромад ин нафас ё аз даҳони ман, фарқ накардам…
Бардошта аз рўйи курсӣ фаровард. Бурда рўйи катам хобонд.
Рўй ба рўям монд… Гирист… Гиристу гирист…
— Падари Маҳмуд мурдаст... Бо мурдаи ту хок сер намешавад… Одамон беҳуда мемуранд…
Гуфт канда-канда ва боз гирист...
… Ҳанўз ҳам мегиряд…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо