Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

монда баромад ва бе ҳарфу калоча паҳлўи чапамро пучиду тоб дод: «Вой»
Ў боз телевизорро кушт. Ҳама ҷо хомўши хомўш гашт. Ҳама чиз мурда ва хомўш буд чун Маҳмуд, хама кас дур шуд чун падарам. Вале дарди ҷойи сахт пучида тоб додаи модари зорам то дилу устухон кора кард. Месўхт ҷонгудоз: «Вой!»
Ашкам шашқатор; ятимаеро мемондам, ки ҳуқуқи сухан гуфтан, арз кардан, ҳуқуқи талабиданро надоштам. «Худоё худовандо, ҷонамро бигир!!! Наход ки барои марди бегона модари кас чунин азоб дихад!» Инро аз дил гузаронидам ва дар хонаи хурд, ки гоҳ ҳамроҳи модарам мехуфтаму гоҳ танҳо, кўрпа ба сар кашидам...
— Хез барро қуфл бикун, ман ба кор меравам...
Садои модарам базўр ба гўшам расид. Гумон кардам, ки навбатдорӣ меравад, лекин рўз буд. Ёд надорам, ки имшаб чӣ андеша кардам ва кай хобам бурд, намедонам. Ба хар ҳол як чиз дар ёдам ҳаст: бояд бимирам. Вале чун? Мурдан осон не. Ҳасад мебарам ба Маҳмуд: ҷонашро халос кард. Азоб накашид... азоб медиҳад.
Дарро қуфл кардам аз паси, модарам. Рост истодам дар саҳни ҳавлии танг. Чунон танг, ки гўр тофт бароям. Дилкашолие намонд дар ин дунё. Як Маҳмуд буд, ки… Як модарам буд, ки… Акнун як бор падарро бояд дид ва пурсид, ки кўтоҳие гузашта бошад, бахшад…
«Парвардигоро! Наход гунаҳгор ман бошад, ки аз батнн ин ду тан ба дунё омадаам? Агар гунаҳгор манам, бояд бимирам!»
Дарвоза қуфл, касе нест. Танҳо гурбаи ҳамсоя сари девор шикам пахш кардааст. Пинак мераваду дум меликконад хоболуд лаб мелесад. Дар гарданаш тасмаи борик. Шояд писари ҳамсояи пушти хона қасдан баста бошад, ки ман истифода кунам барои худкушӣ. Даст ёзидам, ки гурбаро дорам, фахх гуфт, дандон тез кард: «Пишӣ-пишӣ, мор читурин мекунад?» Гурба дум рост кард ва каҷу килеб ҷунбонд чунон ки мор роҳ равад. Андармон кардам хешро, лаҳзае андешаҳои мағшуш дур шуд аз сарам. Гумон кардам халос мехўрам аз банди шайтон, аммо сахт гирифт. Пиндоштам шайтон ҳамин гурбаи сари девор аст махсус бароям банди марг оварда. Курсӣ гузоштам зери поям ва даст ёзидам, ки гурбаро дорам, гурехт; тори бом баромад... Аз пайи таноб шудам. Бояд каманде пайдо кунам ва худро биовезам. Ин дунё кирои зистан надорад. Тори ҷомашўйиро буридам. Акнун намедонистам дар куҷо кашол кунам. Дарахти хурмо мисли худам ҷавон аст, шохаш борик, намедонам бардорад ё на... Курсиро зери дарахт гузошта тораш баромадам. Танобро дар шохи уребаш кашол кардам ва ҳалқаро аз сар гузарондам…
Садои фарёди ҳамсоя омад: «Во хонем! Во хонем!»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо