Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Бузак-бузак, намур, ки баҳор меояд.
Амаки Юсуф ба сухани ў эътибор надод, ба ман нигарист, дурудароз зеҳн монд, ки дар симоям чизеро мехонда бошад: фиреб додан мумкин ё не?
— Говота ҳай карда биё, бачча, – гуфт ва рўяшро ба дигар тараф гардонд. Ғалмағал шуд миёни одамон, ки шаб боз дар навбат истодаанд, вале ў говони баччаяки нав омадаро мегирад.
Аммо ман карахт будам, намедонистам, ки говонро биёрам ё на; гардонда бурдан хуб аст ё супоридан. Ва чунин сухани ў, ки ба одамон мегуфт, маро ҳушёр кард: – Чӣ мегўед? Хоҳам, қабул мекунам, нахоҳам, не... Шуморо кӣ гуфт, ки ними шаб оед, баробари ҳамин бачча биёед буд...
Намедонам, ки ин ҳарфҳои амаки Юсуф барои маро шерак кардан буд ё барои сеҳру ҷоду ё тарафгирӣ; худро ба ман наздик ва ҳомӣ нишон додан ва ё ягон мақсади дигар дошт; ба ҳар ҳол дар дили ман гармие пайдо шуд, ҳайратзада ба амаки Юсуф менигаристам, ки ў дар кадом мактаб хонда бошад. Ба назарам ў чунон одами мўътабар, доно, кордон ва бузург метофт, ки мислу монандашро дигар пайдо кардан мумкин набошад ва баъзан чунон муғамбир ва сипоҳ метобад, ки кас намедонад ба кадом хислати ў бовар кунад; ҳеҷ нафаҳмидам, ки ў чӣ хел аз сад навадро мезанад.
Хостам аз калонсолон маънии ин чизро пурсам ва донам, ки ў чӣ хел ин корро мекунад, аммо аз сиёсати амаки Юсуф тарсидам.
Тарсидам, ки агар ягон кори нобоб бошад, дар бало мемонам.
— Ў даҳани амма, говата ҳай карда биё! Гуфтам-ку!
Ин хитоб маро буд, аммо дигарон ба тавалло даромаданд, ки аввал гови онҳоро қабул кунад.
— Ман медонам аввал кадом говро қабул кунам! Дуздро қарақчӣ мезанад... Гови ин бачча то пагоҳ истад ҳам, вазнаш дигар намешавад, аммо гови шумо камтар атоларо ронад.
Онҳо гўё бо забони махсус ҳарф мезананд ва ман намефаҳмам.
Ва ман ҳайратзада будам, ки гови назди тарозу атола ронд, чараксааш ба мўзаҳои хироми амаки Юсуф расид. Амаки Юсуф ба соҳиби гов чизе нагуфт, ба атрофиён аҳамият надод, балки рост ба гов дида дўхта, ба сухан даромад:
— Ҷонвар-э, аз азоб халос шуд.
Ба назари ман гов, ки андаке пештар дам карда буд, ба пўсту устухон гашт: шикамаш фурў рафта, зери қабурғаҳояш кома шуд ва мўҳраи пушташро қабза карда гирифтан имкон дошт. Гови сурхчаранг як бор нафаси дароз гирифт, ки боз шикамаш дамид ва аз нав ҳама нафас берун кард, ки шикамаш монанди пўсти ғабғабаи одами аз гўшт афтида кашол шуд ва фаҳмидам, ки чаро амаки Юсуф «аз азоб халос шуд» гуфт.
— Ту писари Раҷаби неконӣ не! – боз ба касе нигоҳ накарда сухан кард амаки Юсуф ва ин ҳарф ба ман сахт расид. Ҷуз носкаду илоҷи дигар ё бурҳоне надоштам, ки писари Раҷаби неконӣ буданамро исбот кунам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо