Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Гуфтам-ку, кўдак ҳастам, ба чунин корҳову тақалҳо сарфаҳм намеравам, ҳарфи онҳоро шунида ҳайрон мемонам, ки наход пайи тир ё кордро фарқ кардан он қадар душвор бошад...
Модари Маҳмуд ларзид. Ман чун модарам қудрат надорам, кӣ ўро дорам, сўзандору занам. Хостам тозон назди модарам равам, ўро бозорам, аммо модари Маҳмудро танҳо гузошта натавонистам.
Зеро муфаттшон рафта, ману ў монда будем. Дигар ҳамсояҳо ҳама дар коранд ё бозор рафтаанд... Зиёда аз ў меларзам ва ҳарос дорад дилам, ки коре шавад бо ў, ман саришта карда наметавонам. Ин қадар ташвиш дорад ин дунё: дар як кўчаи танги мо ин қадар ташвишу носомонӣ, дар олам чӣ ҳодисоте бошад? Сангак худро овехта кушт барои занаш, Боғир занашро зада обсар кард барои аз пасаш пойида гаштанаш, Мардонқулро бурданд барои сари савдо ба даст афтоданаш, писарашро шинонданд барои магнитофони мошини прокурорро дуздиданаш… Эээ, боз корҳое, ки сару нўгаш нест. Марзия мардак меорад ба хонааш, Гулӣ чаканафурўшӣ мекунад, Фармонқул бадмаст, аз назди дўкони майфурўшӣ дур намешавад ва имрўзҳо ин дўконро бастаанд, ў девона. Як касе нест, ки… Намефаҳмам, ки дилам чӣ мехоҳад. Ҳамин қадараш равшан, ки аз ин макону мавзеъ дур рафтан мехоҳам, гумонам ҳооо… дар он ҷо – дар зери абрҳои сўхта зиндагӣ дигар хелтар, чунон ки дар афсонаҳо: инсон чизи дилхоҳашро пайдомекунад, бо каси мувофиқ менишинад, чизи дилкашро мехўрад, дар чунин умри даргузару кўтоҳ ҳамдигарро озор намедиҳад, барои нафси хеш ҷўраро намефурўшад. вале вақте ки киноҳои он ҷоро намоиш медиҳанд, кас мефаҳмад, ки осмон дар ҳама ҷо як ранг дорад. Хурўс дар ҳама ҷо якранг бонг мезанад. Дилам монда аз хама чиз, ба чизе дилкашол нестам ва мехоҳам ба касе мутеъ набошам... ва орзу дорам, ки касе назди касе ҷавобгар набошад...
Дурўғ менавиштаанд дар китобҳои дарсӣ: «Мо ҷамъияте сохтан мехоҳем, ки одамонро ғулом накунанд». Месозем. Балки сохтаем.
Чунин мегўянд-ку лекторҳо! Оҳ, ин қадар дурўғ мегўянд, ин қадар дурўғ мегўянд ин китобҳо, он қадар фиреб медиҳанд ин мардум.
Ба кӣ бовар кунам?
— Оча, чаро дунё дурўғин?
— Дунё дурўғин нест, одамон фиребгаранд. Дунёро фиреб мекунанд онҳо. Гуноҳи хешро ба гардани дунё бор мекунанд.
Борбардор аст ин дунё, пурбардор аст ин Замин... Гуноҳу мурдаи дурўғгўёнро низ мебардорад.. Ҳама бар дўши он баробар менишинанд.
Гумон надоштам, ки модарам ба одамон нафрат дорад. Хаёлам танҳо падарамро бад медида бошад, дигаронро низ бад медидааст.
Ман ўро аз ин андеша дур кардан мехоҳам:
— Оча, чаро гўри Маҳмудро боз мекобанд?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо