Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ҳайрон шуд ў. Сахт нигарист ба ман:
— Ту аз куҷо медонӣ?
— Онҳо боз омаданд, гуфтанд, ки гўри Маҳмудро мекобанд...
Гўё ўро бо корд зада кушта бошанд.
— Лаънати худо бод ба ин дунё!
Андаке пеш модарам одамонро айбдор мекард, на дунёро, ҳоло лаънат мехонад ба дунё. Бархост. Рўймоли сафеди ҳошияи сабздорро баста ба мурдахона рафт.
Фурсати зиёде нагузашта дами дарвозаамон як «Жигули» бозистод ва касе дарвозаро кўфт. Кушодам дарвозаро.
— Дурдона дар хона?
— Не!
Намедонам чаро чунин ҷавоб додам ва нагуфтам, ки лозим бошад, пайдо карда меорам. Мард чизе нагуфта ба мошин нишаста рафт. Шум тофт ба назарам. Пеши чашмам падар омад. Хеле зебо буд падарам нисбати ин мард. Аз худ пурсон мешудам, ки чаро ин мард модари маро мепурсад...
— Оча, марле омад. Шуморо пурсид,
— Чӣ мард буд?
— Мошинсавор.
— Пас чаро маро ҷеғ назадӣ?
— Ў наистод. Пурсиду чизе нагуфта рафт.
— Яқин рўйи хуш надодӣ.
Модарам кўча баромад. Роҳҳоро хабар гирифта омад, ки мошин ҳаст ё на. Наёфт, ба андеша афтод. Оғўш кард зонувонашро. Дерёз чунин биистод, пасон болиштро оғўш карда, гушна ва ташна рўйи ҷогаҳ дароз кашид. Агар медонистам, ки модарам чӣ андеша дорад, андўҳаш аз чист, муомила мекардам ончунон ки ў мехост.
— Оча, халал расондам?
Ҷавобе нест. Гумонам хобаш бурда. Чароғро хомўш кунам ё не? Дилу нияти ўро намефаҳмам. Чароғро хомўш кунам, малолаш нашавад? Хобаш нороҳат аст. Бо сару либос хуфта. ў чунин зан нест. Озода аст. Пеш аз хоб сару тан мешўяд. Пироҳани хоб мепўшад, ба бистараш гулоб мепошад, пасон роҳат мекунад. Вале чандест, ки ба хеш аҳамият намедиҳад. Зиндагӣ пеши назараш маъние надорад. Дилсард аст ба ҳама чиз. Ба сари ман як андеша, ки падарамро гум карда, ба чунин рўз расидааст. Аммо ў номи шўро ба забон намегирад. Гўё аслан надида ўро, унс нагирифта, бадомўхт нагашта; аз кўча пайдо карда, ба кўча сар дода.
— Оча, чароғро кушам?
— …
— Хезед,ҷчогаҳ тахт кунам!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо