Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

ба қуттӣ даст накофт, балки сари маро ба оғўш кашид ва оҳиста гуфт:
— Вақте ки ношод бошам, чизе напурс.
Модарам мошинка харидааст, барои ман: «Ерика» номи вай.
Чунон ки ҳама чиз дар хурдиаш ширин метобад: барра, гурбачча, сагча, кўдак, «Ерика» ҳам маро азиз тофт..
Садои чиқ-чиқи он хушам омад. Ҳама андешаҳоро мебурд ва андешаҳои тоза меомад ба сарам. Пиндорам қисса менависам.
Қиссаи ҳамсояҳову гузар ва қиссаи марги Маҳмудро...Вале ҳама чиз пароканда мегашт ва мемонд қиссаи худаму модарам. Падарам ҳеҷ ба қисса дохил намешуд. Ҳайкали сиёҳе буд пеши назарам.
Пешгир буд ҳамаро ва намегузошт дуртарро бинам. Намехостам барои касе чизе нависам ё навиштайи ўро чоп кунам, мехостам чизе нависам аз худ, ба мардум фаҳмонам, ки чӣ зиндагӣ дорем мо: дилгир, носомон, берабт, бисёр вақт кас мехохад худкушӣ кунад, баъзе бахшҳои рўзгор касро аз ин роҳ бозмедорад. Чунон ки «Ерика» бахшидани модарам маро дилгарм кард ба зиндагӣ.
Ба д-он монад, ки ба фиреби «коко» гиряи тифлро боздоранд.
Банд шуд мошинка. Ҳоло ба қисса напардохта, фикру андеша ҷамъ накарда, банд шуд ин бозича ва ҳарфе намезад ба коғази сафед. Тугмааш сахт гашта пеш намерафт ва андеша кардам, ки шояд бахти баста низ чунин бошад. Қуфл шуд мошинка. Чунон ки ба муаммои зиндагии модарам сарфаҳм намеравам, илми боз кардани қуфли мошинкаро низ намедонам. Тангкўчаамон ғалмағал шуд. Садои модари Маҳмуд боло мегирифт. Тозон баромадам.
Онҳоеро дидам, ки рўзи фавти Маҳмуд омада, ўро барои чоку барчок кардан бурданӣ буданд ва мегуфтанд, ки майнааш халалдор буда, вагарна дар чунин ошўб ширкат намекард. Акнун талаб доранд, ки гўрро кушода мурдаи Маҳмудро бори дигар аз назари кормандони органу тиб гузаронанд. Гўё ўро бо тир неву бо корд задаанд.
— Боз мекушед писарамро? Дубора?!
— Не, мо ҳақиқатро барқарор карданӣ!
— Магар ягон вақт ҳақиқат буд, ки шумо барқарор карданиед?
— Ин кори шумо, – ҳарф гурез дод муфаттиш, – мо меравем, дигар ягон арзу шикоятатон ба инобат гирифта намешавад.
— Ман медонам инро. Ҳар чӣ сарвар гўяд, он шавад.
— Имзо кунед, ки ба кушодани гўр розӣ нестед, даъвое надоред.
— Ҳама мурод ҳамин? Ман имзо надорам, даъво ҳам намекунам. Мурдаи писарамро фурўхтанӣ нестам. Агар мардон зинда ба зинда худашонро фурўшанд ҳам, ман мурдаи писарамро намефурўшам...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо