Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Мо бояд аз экспертиза гузаронем, ки чӣ гуна мурдааст»
— Мурданаш маълум: тир хўрда.
— Не, маълум кунем, ки кӣ куштааст.
— Магар шумо намедонед, ки кӣ тир дошту кӣ парронд?
— Не, ин чиз ҳоло маълум не. Экспертиза маълум мекунад ҳамаи инро.
Ман чизе намефаҳмидам. Маҳмудро куштанд, боз чӣ сухан.
Ҳама медонанд, ки халқ ба Қаср ҳуҷум кард, озодӣ талабид, ҳақиқат хост, онҳоро аз даруни қасру беруни он парронданд, ҳама диду медонад. Кам набуданд он ҷо мардум. Инҳо собит карданӣ, ки халқро халқ парронд. Чизе фаҳмида намешавад. Аҷаб. Агар ин тавр, чаро аскар намурд, одамони даруни Қаср намурданду кўдакони бегуноҳ мурданд? Кас аз ин бозиҳо чизе намефаҳмад.
Падари Маҳмуд чизе намегуфт. Як навъ зуъм дошт. Суханро раво намедонист ба онҳо. Эътибор намедод ба такопўйи онҳо. Гўё аҳамият надорад давуғеҷашон, таҳлукаву тараддудашон...барои хеш мекунанд ин корро, то пўстинашон насўзад: ба бозпурсиҳо фарох посух дода тавонанд, ҷон раҳонанд аз балоҳо.
— Шумо Маҳмудро зинда карданӣ ҳастед?
Дасти сардори дастаи муфаттишон бозмонд дар куртаи мурда.
Ва дилаш фурў кашид, ки мурда садо дардод... Ў бозистод, гўш дод, то сухан такрор шавад ва донад, ки майит мепурсад ё каси дигар. Сухан такрор нашуд. Пурсид аз хеш, ки чаро чунин шуд?
Кам мурда надида дар ин умри кўтоҳ, кам тафтиш накарда мурдаҳоро: мурдаҳои чоку барчокро, бечашмро, бесарро, саркўфтаро, кордхўрдаро, паррондаро, овехтаро, сўхтаро, вале чаро дилаш ҳаросид. Ман дидам, ки чун дасти ў оҳиста-оҳиста куртаи хунолуди Маҳмудро раҳо кард, рангпарида баргашт ба пас ва нигарист ба ҳамраҳонашу падари Маҳмуд
— Кӣ пурсид?
— Шумо писари маро зинда карданӣ ҳастед? Ё як бори дигар мекушед?
Муфаттиш айнакашро ба нўги ангушт пас тела дод ва наздик шуда гулпурсӣ кард:
— Нафаҳмидам,
— Думатонро гиреҳ кунед!
Муфаттиш пўписа кард ба падари Маҳмуд, ҳамраҳонаш тарафдор шуданд, ки коргари ҳукумат, корманди органро касе таҳқир карда наметавонад, онҳо рухсатнома доранд дар ҳама кор, ба ҳама ҷо. Падари Маҳмуд худдорӣ накард:
— Агар шумо дар ҳама ҷо сар намехалондед, вазифаи худро иҷро карда метавонистед, Маҳмуди ман намемурд.

пешина
аз 393
навбатӣ