Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Танг шуд дилам. Мегиристам, ашк надоштам. Гўё тарсида будам аз мурдаи Маҳмуд. Наход мурдан ин қадар осон бошад.
Ман аз мурдан борҳо тарсидаам, аз ин рў зиндаам. Модарам низ халал расонд, вагарна Маҳмуд мурдаи маро медид, на ман мурдаи ўро. Осон будаст-ку, чаро ин қадар тарсидам аз мурдан?
Кушанд, осон. Худкушӣ мушкил. Баробар аст ба қаҳрамонӣ.
На ҳар бадкору бешараф худро мекушад.
«— Кош ман мемурдам ба ҷойи ў.»
Модарам якбора баргашт сўям, тарсидам, ки садои қалбии маро шунид. Сар ҷунбондам: «Не!»
— Тозон бирав хона, шприсро биёр!
Фаҳмидам, ки сўзандоруи дасташ ба кор наомад. Яктоз рафта овардам. Маҳмуд ба холи худ буд. Модарро наҷот бояд дод.
Падари Маҳмуд омад. Худро партофт ба рўйи писар. Касе набуд нагириста аз ҳамсояҳо, ёрони Маҳмуд. Ҳатто ў пурсон нашуд аз ёрони писар. Гўё ҳамаро медонист. Мегиристу мегирист.
«Худовандо, наход ки падари ман ба марги ман чунин гиряд?»
Аз дилам гузашт зери гиря ва донистам, ки падар чӣ гуна мешудааст. Ё баъди талаф кас ширин мешавад, азиз мегардад? Ҷавоб намеёбам ба ин андеша, лекин медонам, ки бо модари ман коре шавад, мемирам. Ў низ ба марги ман мемирад. Вале дар хусуси падар чизе туфта наметавонам. Шояд гирям, шояд ў низ марги маро шунида гиряд, аммо чунин на, чунон ки падари Маҳмуд мегиряд.
«– Ман мурданӣ будам-ку, чаро ту мурдӣ?»
Нафаҳмидам, ки чаро падари Маҳмуд мурданӣ буд. Ҳамин хел одами ороми бамаънӣ, ки ягон ҳамсоя тую манашро нашунида, мурдан мехоҳад. Маҳмуд мурд. Ман мурданӣ, очам мурданӣ, падари Маҳмуд мурданӣ, очаш мурданӣ. «Ай Худо!»
Дарҳои мошин баробар пўшида шуданд. Садояш ба мурдахона омад. Баъд «Пўшт! Пўшт! Роҳ диҳед!» гуфтани марде шунида шуд.
Ду тан коргари милиса ва аз паси ў ду марди дигар одамони дами дарвозаро ба ду тараф ронда даромаданд ба ҳавлӣ. Ҷавонписари рўйи хона хобидаро диданд ва гуфтанд, ки бояд баранд ўро ба «Морг» ва муайян кунанд, ки кӣ кушта ўро, ба чӣ кушта ўро.
— Кӣ мекушт? Аскарон! Ба чӣ мекушт? Ба тир!
Вале онҳо рад карданд, ки чизе, ки намедонед, нагўед. Аскарон камону афтамат доштанду тир не, чӣ гуна мекушанд онҳо? Тири холӣ магар мекушад? «Тири холӣ» гуфта, патронро дар назар доштанд онҳо. Ман меларзидам аз омадани онҳо: «Наход як бори дигар кушанд Маҳмудро?»
Модараш худро ба рўйи Маҳмуд андохт, ки намегузорад баранд. «Монед, ҷасади ўро осуда гузорем ба хок!» Вале онҳо намегузоштанд.

пешина
аз 393
навбатӣ