Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Аз коре пушаймон метобад ў. Гумонам аз рафтани падарам:
— Оча, отамро дўст медорӣ?
Сўям теғ кашид ба ҷойи ҷавоб. Аз ҳазор дашному ҳақорат зиёд буд нигоҳаш. Пушаймон шудам, ки чаро пурсидам. Напурсида намешуд. Зеро сабаби андўҳи ўро бояд донам. Агар падарам сабабгор бошад, ман бояд назди ў равам ва ба хотири модарам пеши пояш афтам, то баргардад.
— Равам, зорӣ кунам?
— Мемонӣ зиндагӣ кунам ё не?!
Шах шудам. Наход сабаби ноҷўрии зиндагии ў ман бошам?
— Оча!
— …
— Оча!
— …
Гиристам дуру дароз. Ва боз дастони ў сару рўйи маро палмосид ва ашкя тараш рехт ба рўям. «Чӣ зиндагист?» суол мекунам аз худ, ҷавоб надорад суолам. Модарам пушти гўшамро молид.
Ором гаштам. Ноз кардам:
— Ман онҳоро дидам, оча?
— Киҳоро?
— Отаму занашро!
Дасти ў бозмонд дар паси гўшам. Гумонам ҳозир гўшамро метобад. Чу муаллимаи таърих барои саволи «ноҷоям»: «Чаро он подшоҳи хушбурутро ин қадар мекўбанд?» чунон гўшмолам мекунад, ки… Ғайри чашмдошт беҷон афтид ба паҳлў дасташ. Ва дасти чапаш сари маро бардошт, то хезам. Нозам нафорид ўро.
Чунин аст қисматам: дар ҷое намегунҷам.
Ғалмағал шуд тангкўчаамон. Модарам баҳона карда баромад аз дарвоза. Садои гаря баланд шуд якбора. Баромадам. Ҷавонписареро рўйи даст бардошта меомаданд ҷўраҳояш. Сараш нишеб буд ба пушт. Куштаанд, тир задаанд. Шинохтам ўро-Маҳмудро.
Шарикдарси ман аст. Онҳое, ки ўро рўйи даст бардошта меоранд, талабагони мактаби мо ҳастанд. Дар ошўби шаҳр иштирок кардаанд, тир расидааст ба Маҳмуд.
Пиндорам, ки танҳо дар хонаи мо ноҷўрист, маълум ки дар шаҳр, дар ҷумҳурият ва дар Иттифоқ ва дар олам ноҷўрист. Борон ба барф гашт. Сард шуд ҳаво. Ларзид танам. Парид рангам.
Надонистам чӣ кор кунам. Модарам ба хонаи ҳамсоя рафт. Гумонаш ҷон дорад Маҳмуд, кўмак кунад. Равон надошт. Модарам метавонист танҳо нигаҳ бидорад модари Маҳмудро. Натавонист.
Аз ҳуш рафт модари Маҳмуд. Паҳлўи писараш дароз хобонданд.
Ба биниаш навшодир медошт модарам. Сўзандору мекард, то ба ҳуш ояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо