Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Чӣ хел?! – баланд гуфт муфаттиш, – Мо куштем писари туро?
— Шумо куштед писари маро! Маккорҳо! Сиёсатбозҳо! Даъф шавед!
— Тушбераро хом шумурдӣ, гўл! Ин мурдаи ту не, мурдаи ҳукумат аст! Ҳукумат ҷавоб медиҳад барои мурдаи ў!
— Гўл ман не, шумо! Шумову ҳукумати шумо чӣ парво доред, ки кӣ мурд! Ба кадом мурда ҷавобгар буд ҳукумат? Шумо ҷаллод ҳастед, сияҳкор ҳастед! Шумо ёри ҳаннотҳо, шумо ёри савдогарон!..
Ман нафаҳмидам, ки чаро падари Маҳмуд ба онҳо сахт гуфт.
Магар онҳо куштаанд писари ўро?
Падари Маҳмуд надод, ки баранд писари майиташро. Онҳо ҷомаи зирабеқасаби Маҳмудро кашиданд, куртаашро низ ва муайян карданд, ки тир аз тахтапушти Маҳмуд зада аз сари синаи чапаш берун рафтааст. Ва захми сари сина аз захми тахтапушт фарохтар аст. Корд не, тир задааст. Муайян шуд. Аммо баҳси дигар бархост, ки чаро тир аз пеш неву аз пас зада? Ҳарчанд ҳамраҳони Маҳмуд фаҳмонданд, ки вақти гурез тир зад аз пас, онҳо қонеъ нашуданд. Муфаттишон изҳор мекарданд, ки бояд тир аз пеш мезад. Пас, ин тири касонест, ки аз пас истода паррондаанд, кори ифротиён. Шўришчиён рў ба Қаср доштанд, агар аскарон парронда бошанд, бояд тир аз пеш мезад. Тир хўрдани Маҳмуд маълум шуд, кӣ парронданаш маълум нашуд.
Мотам дошт модарам: сахт буд мотамаш. Гумон кардам падарамро низ тир зада, аммо намегўяд модарам. Хостам пурсам, наёристам. Сахт мегўяд, ман ҳам меранҷам ва дар ду бурҷи хона мисли ду бум менишинем. Андеша мекунам Маҳмудро, ки чаро тири аҷал маҳз ба ў расид. Ёд меорам хандаашро, дандонҳои сафеди раддаашро, чашмакзаниашро. Ва акнун сарфаҳм меравам, ки чизе гуфтанӣ буд ба ман... нагуфта рафт. Шояд модарам ин чизро дарк карда ва аз ин рў ғам дорад. Ғамист, ки ҳар чӣ дорад, аз даст медиҳад.
— Барои Маҳмуд мотам гирифтӣ, оча?
— Не, барои ту!
Ба ман сахт нарасид ҳарфи ў. Андешае, ки доштам, ў гуфт.
Ҳолпурсӣ накардам. Сари ғазаб ё андўҳ гуфта бошад ҳам, ҳарфи дурустро гуфт. Яқинаш ин буд, ки Маҳмуд ба духтари ў дилкашолӣ дошт, ўро куштанд, аз ин рў ғам мехўрад: толеъ надорад духтараш мисли худаш. Ростӣ, ман чизе пай набурдаам аз рафторҳои Маҳмуд, шояд чизе дошт дар замираш, аммо нагуфта буд ва изҳор накарда. Ман низ чизе барояш ҳувайдо накарда будам.
Аз рафтори модарам ба дилам оташаке пайдо шуд. Ҳайҳот... Дер кардам. Ва ҳамин қадар мегўям: «Кош намемурд..»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо