Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Апаҷон, дигар тоқат надорам.
— Ором шав, Мағфират, ором. Бин, шаб чӣ хел ором аст... Дар вақташ гуфтам, гапамро нагирифтӣ. Ҷавони хуб гуфтӣ.
— Бад нею...
— Ором шав. Ба дилат нагир...
— Ўро ба дигар участка фиристонед.
— Ҳа, хуб, ором шав....

XI

Мағфират, ки ин пагоҳӣ комбинзони сиёҳ ва мўзаи сурх пўшида буд, назди мошини Раҳим меистод. Ў ба мошин савор шудан ё нашуданашро намедонист. Фақат вақте ки мошин мўри нав аз хоб бедор шуда барин пеш рафт, ҷаста аз дари кабина дошт.
Ҳамин лаҳза Соня ба Раҳим фармуд, кӣ имрўз ба участкаи дигар меравад.
Дасти Мағфират резинкаи бурида барин шартӣ ба баданаш бархўрд. Чашмонаш барқ заданду ҳамон дам олам ба назараш торик шуд.
Мағфират хост ба диспетчер гап зада Раҳимро боз ба участкаи худ барад, вале ҳаёи занона ва гапу калочаи ҳамкорон ўро боздошт. Ду қувваи зўр ўро аз ду тараф фишор медод.
— Шумо рафтан гиред! – амр кард диспетчер ба Раҳим.
Раҳим итоаткорона мошинро даргиронду аламашро аз мошин гирифтанӣ шуда, газро дароз-дароз пахш кард.
Мағфират ба сўи Раҳим маънидорона нигоҳ кард, нигоҳи ў «Нарав... Ҳамроҳи ман...» мегуфт.
Раҳим мошинро ҳай карданӣ шуд, ки Мағфират илтиҷо кард.
— Маро сари роҳ то ба ҷои корам баред!
Раҳим, ки сабаби ба участкаи дигар рафтанашро фаҳмида наметавонист:
— Ман ба дигар тараф меравам, – гуфту ба роҳаш рафт.
Самимияти Мағфират чун шири оташи дегаш хомўшшуда аз ҷўш монд. Ҷои муҳаббатро нафрат гирифт...

XII

Мағфират бо ёди кадом рўзе ба сўи ҳамон бедҳои чанггирифтаи
лаби канали ифлос рафт. Ў наздик мерафту бедҳо боз дур менамуданд. Ниҳоят ба оби канал чашм дўхт. Ба баргҳои рангпарида
даст ҳам нарасонд. Мўи сараш каме бардошта шуд, вале ў чунин
ҳис намуд, ки касе рўймолашро аз сар рабуд. Ақиб гашт. Касеро надид ва арақи сарде вуҷудашро пахш кард.

пешина
аз 393
навбатӣ