Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мурғи аз об баромада барин худро афшонд. Гўё аз даруни наҳр, аз паси буттаҳои хушкшудаи хорҳо, аз паси шохҳои бед гургон уллос мекашиданд ва ба ў дарафтида ба дилаш чангол мезаданд. Дигар ба он бедҳо ва наҳр нигоҳе накарда ва ларзидаву рангпарида ба коргоҳ омад.
Ҳар қадар ки пеш меомад, гўё ҳамон қадар комбайн аз ў дур мешуд ва ба назараш чунин мерасид, ки касе қасдан комбайнро ронда истодаасту Мағфират ва ў расида наметавонад.
Мисли ҳавои баҳор фикраш якбора кушода шуд ва ба рафтори худ хандааш омад – мастона қаҳқос бизад. Садои хандаи ў ҳамчун валси сабук ба саҳро паҳн шуд.

XIII

— Э Машахон, одамро шинохтан мушкил будааст. Читу ба шумо дурўғ нагўм, ба вай ҳар хел гапро нагўед.
— Ба кӣ?
— Кӣ мешуд, ҳамон номеҳрубоне, ки барои вай шуда аз ман рў тофтед.
— Раҳим-ака-мӣ?
— Боз ака будаанд!
Мағфират гапҳои бесарунўги Амирро бар мекашид, ки то чӣ андоза ростанд.
Ў борҳо шунида буд, ки гўё Раҳим дар чанд ҷо лоф зада гуфта бошад, ки ману Мағфират як одамем, зану шавҳари бе никоҳ.
Инро Соня ҳам медонистааст. Мағфират аз кӣ фаҳмидани Соняро пурсид. Вай Амирро ном бурд. Мағфират чизе нагуфт. Вай мехост бо Амир рў ба рў шудан замон ба рўяш чанд торсакӣ занаду ба болояш туф карда, гузашта равад. Дар ҳамин вакт мошини Раҳим аз наздаш гузашта истод. Раҳим салом дод.
Чашмони Мағфират гирд шуданд. Чизе гуфтанӣ шуд, аммо натавонист.
Раҳим ҳайрон шуд. Аввал табассум кард. Пас ба сараш чизе сахт зад. Гўё ба чашмонаш хун давид. Мағфират ўро дашном медод.
— Номард! Беномус...
Дар пешонии Раҳим тирак барин раг дамида баромада бошад ҳам, вазниниро афзал дониста ба роҳаш рафт.
Мағфират ҳис кард, ки як нўги мактуб ба банди дилаш халид.
Онро бо ғазаб пора кард. Вале таскин наёфт. Фикри шуме ба сараш зад ва оҳиста-оҳиста пораҳои мактубро аз замин чида ҷо ба ҷо гузошт. Бори дигар адресашро хонд. Аз роҳ гашта рост ба идора омад, ба паси машинка нишаст.
«Ба азизам гуфтан забонам намегардад. Беҳтараш, ману ту ҳамдигарро фаромўш кунем. Ин мактуби охирини ман. Ҷавоб лозим не.

пешина
аз 393
навбатӣ