Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Мағфират мактубро баровард. Ба чор тараф зеҳн монд, оҳи дарозе кашида, бори дигар адресашро хонд.
«РСС Тоҷикистон, шаҳри Панҷакент... Райҳон».
Мағфират сар бардошт, дар куҷо ҷойгир шудани ин шаҳрро фикр кард. Дар як он тамоми Тоҷикистонро давр зада баромад.
Мактубро байни панҷаҳояш маҷақ кард. Ў якбора бо дасти мактубдораш ба пешонаи худ фаровард ва ангуштонаш байни мўйҳо шона шуданд. Мактуб ба китфаш бархўрда пеши по афтид.
— Не... не... – вай гулўи буғз гирифтаашро дошт. Қатраҳои ашк ба рухсораш мисли обе менамуд, ки ба рўи нони аз танўр канда пошида бошанд.
— Не... оҳ...
Мағфират мисли одами пешпохўрда зуд қоматашро рост кард.
Ў дар байни чанд дақиқа гўё тамоман одами дигар, олами дигар шуда буд.
X
Раҳим баргашта омада, Мағфирати равғанолудро дар таги комбайн дид. Рўйболо хобида, мурватҳои комбайнро равған мекард.
Омадани мошинро пай бурда шприсро мисли кўдак ба паҳлўяш хобонд ва чашмонашро пўшида, якка-якка нафас гирифт.
Раҳим аз рафтани рўз ба танг омада, сари комбайн рафт ва ду-се бор сулфид. Мағфират паҳлў гашту хестанӣ шуд, сараш ба оҳан зад. Пешониаш дард кард, ки бо кафи даст дошта, бо дасти дигараш ба замин такя доду аз зери комбайн баромад.
Раҳим ба Мағфират бо зъм менигарист.
Гоҳ-гоҳ чашмонашро пўшида мекушод. Мағфиратро гўё дар бар либоси арўсӣ медид. Ҳамин лаҳза раҳимиашро пай бурд, ки дилаш таҳ нишаст. Мағфират бошад тамоми орзуи дилро хаспўш карда, хост муомилаи дағалтар кунад ва чӣ будани ўро бори дигар дурусттар фаҳмад:
— Домод, дер нашуд-мӣ?
Ин саволи ў ба Раҳим хуш наомад, ки ба сўи Мағфират саволомез теғ кашид. Мағфират ишора кард, ки ба мошинаш шинад.
Раҳим номаълум китф дар ҳам кашид. Вақте ки мошин гандумпояро зер карда рафт, Раҳим Мағфиратро ҳол пурсид:
— Ҳамшаҳр, аҳвол чӣ тавр?
— Чӣ хеле ки мебинед...
Раҳим андак сукут карда, баъд ҳазломез гуфт:
— Ҳай-ҳай, сари гурбаву саг дард кунад, наход сари Мағфирати мо.
— Ба оҳани комбайн зад, гумон кардам, ки кафид.
Раҳим даст ба сари Мағфират бурд, ки дили ў аз ин меҳрубонии ҳамсафараш гум зада рафт. Мағфират дигар лол буд. Чашмонаш лаб ба лаб об шуданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо