Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Мошинро тўғрӣ кунед, – ба сухани Раҳим эътибор надода гуфт Мағфират.
— Ҳай кун, охир! – хитоб намуд Амир.
— Хоҳӣ, гузар, фақат дўр назан...
— Ту ҳам одам шудӣ?
— Аз ту кам не.
Мағфират хиҷолат кашид ва аз чӣ сар карданашро надониста:
— Раҳим-ака, мошинатонро биёред! – гуфт. Пас аз он ки Раҳим чанги заминро бароварда рафт, Амир аз кабина сар бароварду гуфт:
— Одами паст будааст.
Мағфират ба гандуми рехтаистода нигарист.
Амир суханашро баландтар такрор кард:
— Одами паст будааст, мегўм.
Мағфират тоқат накард:
— Чӣ хел?
— Охир, ҳамин ҷо дар ду пула гап бузбозӣ карда шиштагеша намегўед. Рафтан гирад-ку мешуд!
— Шумо пастигариро ҳамин хел мефаҳмед?
— Медонед, вай ба ҳама мегўд, ки гўё зану бачча надорад...
Мана... мана...
Вай аз соқи мўзааш бо корду ғилоф якҷоя мактубро баровард.
— Мана, хонед!
Комбайн аз гашт монд. Мағфират мактубро хонд: «Азизам, мактубатонро гирифтам. Саломатии духтарчаро пурсидаед. Нағз.
Қадам мепартояд...»
— Ман як чизи дигарро гўм-мӣ? – Мағфиратро аз хондан боздошт Амир. – Ҳамун мурватҳои мошину комбайнро Раҳим дуздидагӣ.
— Аз куҷо медонед?
— Ман аз ҳафт қабати таки замин мор гузарад, мефаҳмам.
— Бало будаед-ку! – шерак кард Мағфират.
— И... Читу ба шумо дурўғ нагўм...
Мағфират бо ранги парида ва чашмони тира адреси мактубро хонд. Мактуб ба чорчўбае табдил гашт, ки байни он ду сурати бо ҳам шиносро ҷафс гузошта буданд. Расмҳо пеши чашмони ў гоҳ дар либоси арўсу домодӣ менамуданд, гоҳ давраҳои пиронсолиро намоиш медоданд...
Амир ҳолати Мағфиратро дида, мактубро гирифтанӣ шуд.
Мағфират номаълум мактубро ба чоки гиребонаш хаст.
Садои комбайн баландтар баромад. Мошин пур шуд. Амир ба гап задан ҷуръат накарда рафт. Чанги паси мошин ўро дар оғўш кашид.

пешина
аз 393
навбатӣ