Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ҳамин вақт Мағфират чашм кушод. Худро дар болои мошин дид. Овози касе ба гўшаш мерасид, вале чизе намефаҳмид. Каме ба худ омад. Ду-се нафаси дароз баровард. Аз борти мошин дошта хестанӣ шуд, мадораш нарасид.
Амир гаштаву баргашта аз тирезачаи ақиби кабина ба Мағфират менигарист. Ҷунбидани ўро дида ба хашм омад ва аз тарс чӣ кор карданашро надониста монд. Сару рўяшро арақи сард пахш кард.
Раҳим мошинашро каме пеш ронда:
— Амир, ман рафта чароғи комбайнро хомўш карда оям,
– гуфт.
— Майлат!
Мағфират фарёде баровард:
— Оҳ!!!
Раҳим садои Мағфиратро шунида шах шуда монд, баргашта боз ба Амир хитоб кард:
— Вай кӣ?
Амир ҷавоб надод, гўё нашунид.
— Умм, оҳ! – шунида шуд садои нолишомез.
Раҳим ба мошини Амир наздик омад ва зуд аз борти он даст гирифт, ки барояд. Амир худро аз дари рост ба берун ҳаво дода, аз дасти Раҳим маҳкам дошт:
— Чӣ ҳақ дорӣ, ки ба мошини ман бароӣ?
— Вай кист?
— Корат чӣ?
— Чаро нола мекунад? Боз...
— Дахонатро пўш!
— Сабр кун, ман бинам...
— Не.
Амир аз дасти Раҳим кашид.
Раҳим худро халос карда ба мошин баромаданӣ шуд.
Амир ўро дошт. Раҳим силтакитф зада ҷудо шуд. Пораи курта дар дасти Амир монд. Раҳим ба хашм омада, аз ду китфи ў дошт ва ду-се маротиба афшонда, ба пас тела дод. Амир баргашта, ба Раҳим расиду як мушт ба паҳлўи ў фаровард. Раҳим паҳлўи росташро андаке дарун кашид ва яктарафа шуд. Амир боз ҳамла кард. Раҳим ин дафъа аз гиребони ў дошт. Ҳамин дам Мағфират ба борти мошин рост шуда, пичиррос зад:
— Раҳим-ака!
Раҳим Амирро тела дода аз худ дур карду ба Мағфират нигарист:
— Шумо? – баргашта ба Амир нигоҳ кард, ки боз муште ба китфаш бархўрд.
Раҳим ҳанўз ҳам сабаби мағали Амирро фаҳмида наметавонист. Вай бори дигар бо андаке такон Амири ба хурўси ҷангара монандро аз худ дур кард, ки вай калавида-калавида ба назди мошин рафту аз кабинаи он калидро гирифт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо