Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Амир бо калиди мошин ба сари Раҳим фуроварданӣ шуд.
Мағфират, ки ин дам аз мошин фуромада буд, худро ба миён гирифт.
Раҳим бо як чолокӣ мушти обдоре ба банди дасти Амир зад.
Амир парешон шуд, калид ба замин афтид, Мағфират онро гирифта болои мошини Рахим партофт.
— Ин қадар каш-каш барои чӣ? Девона-ку нашудаӣ?
Амир теғ кашида, исрор кард:
— Духтарро намебарӣ!
— Агар бо ман рафтан хоҳад?
— Не, бо ман меравад, худаш мехоҳад. Ман...
Мағфират, ки то ҳол хомўш буд, ба рўи хунпаридаи Амир нигаристу чизе нагуфта ба кабинаи мошини Раҳим нишаст. Мошин ба роҳ даромад...
IV
Амир қабеҳ-кабеҳ ҳақорат мекард, дандон мефушурд, чӣ карданашро намедонист. Чашмаш ба чароғи фурўзони комбайн афтод.
Зуд мошинро пас гардонда, пеши комбайн омад. Мошин мисли хомўшак ғунгос мезад. Ба комбайн расида истод. Чанги ғафси мошин комбайнро пўшид. Амир аз байни чанг гузашта, ба болои комбайн баромад ва ким-чӣ хел мурвати онро кушода гирифт.
Чароғ ҳам хомўш шуд.
Танҳо моҳи пурра дар сақфи осмон мисли гули офтобпарасти сарозер менамуд. Ситорагон хўшаи пурсўки гандумро мемонданд.
Пораи абре ба мисли матои тунуке ба рўи моҳ паҳн шуд, гўё нурполое буд.
— Куҷо овардед?
— Ба хонаи худамон.
— Хонаи шумо дар Қазоқистон?
— Ором бошед, Раҳим-ака, дароз кашед, ин хонаи Соня.
Раҳим ба рўи кати сабз нишаста, ба хонаи оддии хурд, ки меҳмонхонаро мемонд, назар давонд. Ягон-ягон паҳлўи росташ хала мезад. Ў либосҳояшро набароварда паҳлў зад.
Мағфират чанги дар рўю абрўи Раҳим нишастаро пок кард ва ба мижгонҳои ба ҳам бастаи ў боумед нигарист. Кас намефаҳмид, ки ин чӣ ҳиссиёте буд.
Раҳим чашм кушода ба сару рўи вай зеҳн монд ва боз дида ба ҳам баст. Мағфират сурх шуд, арақ бароварду пас аз нафасе сару рўяшро сардие пахш кард. Оҳиста ба рўи Раҳим даст бурда чангро пок карданӣ шуд, вале дасташ ба ширеш бархўрдагӣ барин ба рўи ў часпида монд. Ба болои сари Раҳим хам шуд ва хуб нигоҳ кард, ҳаяҷоне вуҷудашро фарро гирифт, тасфида рафт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо