Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Мисли шағоли мурғдуздида ба пасу пеш нигоҳ карда тугмаи пеши камбиинзони ўро кушод, то шамол расад. Мағфират мисли мурда ором ва хомўш буд.
Амир ўро такон дода фарёд кард:
— Маша, Маша!.
Мағфират чашм намекушод. Амир ўро бардошта ба кабина даровард. Ба рўи курсӣ дароз хобонд. Чароғаки шифтро гиронда куртаи ўро васеъ кушод ва дар зери чароғи хира сандуқи дили ўро, ки қаҳраборанг гашта буд, тамошо кард. Лабони бесуробаш мепариданд. Моторро хомўш кард.
Садои серғавғои мотор аз саҳро бардошта шуду гирду атроф сокит гашт...
III
Аз рў ба рў ду фари оташбори мошин, ки дар шаби тор мисли чашмони гурба буданд, торафт наздик меомад. Вай каме аз тарафи рост роҳ гирифта буд ва лангар хўрда пасту боло мешуд.
Гоҳе нури чароғ ба чапу рост меафтид. Ду-се бор ба мошини лаби канал бархўрда бошад ҳам, ронанда онро надид. Мошин аз канал гузашту рост ба сўи комбайни Мағфират роҳ гирифт.
Аз кабинаи мошин Рахим фаромаду назди трактор рафта кабинаро хабар гирифт, гирду атрофро аз назар гузаронд, касеро надид. Мағфиратро ҷеғ заданӣ шуд, вале чӣ гуфта ҷеғ заданашро надонист, ду-се бор сахт-сахт гулў афшонд. Овозашро торикӣ фурў бурд. Рафтанӣ шуда, ба мошин нишаст. Ҳамин вақт дид, ки чароғи комбайн фурўзон, хомўш кардан хост. Як пояшро ба зинапоя гузошта буд, ки чашмаш ба чароғаки сурхи ақиби мошине афтод.
Чароғи комбайнро хомўш накарда мошинашро пас гардонд, вале чашмонашро аз чароғаки он мошин намеканд. Фарҳои калони мошинро хомўш карда, чароғҳои хурдашро даргиронд...
Раҳим аз мошини лаби канал каме гузашта истод. Вай мошинро шинохта аз кабина сар баровард.
— Амир! Комбайнчӣ канӣ?!
— Намедонам.
— Чароғи комбайн даргирондагӣ, худаш нест.
— Кор доштӣ?
— Не. Ба хонааш бурданӣ будам.
— Хонааш дар куҷо будааст?
— Намедонам.
— Вай инҷоӣ неку! Мо барин...
— Ёрдамчӣ гўй.
— Ҳаа. Хайр!
Дили Амир мисли моҳии ба соҳил афтода бозӣ мекард ва ранги рўяш аз ранги рўи Мағфират монданӣ надошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо