Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

лўнда кардаашро даст зада рўймолашро аз нав баст ва ронандаро ҷеғ зад:
— Ээй мардак, пештар биё!
— Чӣ мехоҳӣ?
— Мошинатро пештар биёр...
Ронанда сар хорида монд.
Чашми духтар ба мошине афтид ва гўё дар саҳрои хушк ба машомаш бўи гулу сабзаҳои баҳорӣ зад, ки табъаш болид, зуд ба сари рул нишаст. Боз ду чашм ба пас дўхта шуданд.
Мошини навбатӣ омада байни тўдаҳои гандумпоя истод ва аз кабинаи он ҷавони қадбаланд, ки мўйи ҷингилааш аз зери кулоҳи хасин намуда меистод, баромад. Вай хеле чолок ва боқувват менамуд, сиёҳҷурда, дар ҷо-ҷои рўйҳояш доғи кунҷитак дошт. Куртаи нимостини сафедаш аз чанги роҳ ва шўраи арақ сиёҳ шудааст.
Ў атрофи мошинашро давр зада чархҳо ва мурватҳояшро хабар гирифта буд, ки чашмаш ба санги сиёҳи байни ду чарх афтид ва калидро гирифта ба баровардани санг машғул шуд. Мошини пур аз гандум аз наздаш чанг бардошта гузашт.
Ҳамин дам ба болои сари ў сояе афтид, ки аз офтоби сўзон ҳимоя мекард. Ҷавон рўй гардонда дар болои сараш духтари қоматбаланд, рўйпурраи чашмсиёҳро дида ҳайрон шуд ва салом доду санги дармондаро базарб зада гирифт. Пас ба бинӣ ва лабони нафиси духтар, ки ба ҳуснаш мувофиқ омада буд, нигариста бомулоҳиза гуфт:
— Мебахшед, шуморо маҳтал кардам.
— Ҳеҷ гап не, айби роҳ.
— Ҳа... а... Акнун ба аспатон савор шавед, хари мо ба сафар тайёр.
Ин дафъа комбайн кариб ба канори саҳро расид. Мошин ҳам пур шуд. Ронанда мошинашро гардонда рафтанӣ буд, ки духтар аз комбайн тохта фуромад:
— Раҳим-ака!... Боз меоед?
— Не, сафари охирин!
— Ман чӣ хел меравам?
— Боз мошинҳо меоянд.
— Не, шумо омада баред.
— Ман...
— Боз як раҳ оед...
Мошин ба роҳ даромад, Раҳим аз тирезачаи паси кабина ба духтар нигариста дасташро ба сандуқи дилаш пахш кард.

II

Раҳим бори дигар омад, ки духтарро ба ҷои хостааш бурда
монад. Вале ҳамин ки ба назди комбайн расид, мошини Амирро дида пушаймон шуд.

пешина
аз 393
навбатӣ