Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Мошини ў аз комбайн дур буду худаш назди духтар меистод. Вай мошинро гардонданӣ шуд. Духтар даст бардошта:
— Раҳим-ака, пештар биёед! – гўён фарёд кард. Раҳим наздиктар рафт. Мағфират комбайнро ба кор андохта:
— Рафтем! – гуфт...
Мошин аз гандум пур шуд. Раҳим хост, ки равад. Духтар назди дари кабина омада, дастаи онро дошт. Рост ба чашмони ҷавон нигарист. Ронанда ба ў боҳайрат гуфт:
— Мошини он кас холӣ-ку!
— Он кас намехоҳанд...
— Холӣ рафтани вай хуб не. Ман меравам. Шума боз ба мошини он кас гандум тайёр кунед, ҳамроҳ равед.
— Намехоҳед, ки ба мошинатон шинам?
— Гап дар ин не.
Раҳим аз кабина сар бароварда ба Амир, ки аллакай мошинро даргиронда буд, муроҷиат кард:
— Ака, гандум баред!
Вай роҳу бероҳа нагуфта мошин меронд. Мошин ба гўсолаи хармагасгазида монанд шуда буд.
Раҳим каме хиҷолат кашида, ба ҳамроҳ рафтани духтар розӣ нашуд...
Мағфират дари кабинаро сахт пўшид, ки садои он мисли садои таппонча атрофро фаро гирифт. Ронанда як қад париду чӣ гуфтанашро надонист ва муддате хомўш истод. Мағфират тез-тез қадам монда сўи комбайн рафт.
Ба комбайн баромада чизеро гирифта фаромад, каме ҳайрон истоду чизе ба хотираш расидагӣ барин боз ба комбайн баромад ва ба сари рул нишаст. Ҳамин вақт Мағфират уқоби ба хашмомадаеро ёд меовард, ки дар сари санг нишаста, аз раҳо ёфтани сайдаш дар ғазаб буд.
Садои мошини наздик омада хаёли Мағфиратро пароканд. Вай чашм кушода Амирро дид. Чанги мошин рўи ронандаро лесида гузашт ва чашмони ў аз паси чанг мисли чашмони гурбаи дузд тофтанд.
Мағфират сўи мошини Раҳим нигарист.
— Ҳа... а... – оҳи таҳдор кашид Амир.
Мағфират як ба вай нигоҳ карда хашмомез абрў бар ҳам кашид ва хомўш қадам монд. Мўзаи брезентии хокирангаш пояҳои даравидаро пахш карда мерафт. Як хўшаи сурхи ба замин афтидаро, ки синонаш мисли устухонҳои моҳӣ ба пас майлон буданд, гирифта, думчаашро байни ду ангушт дошта ба ду тараф давр занонд.
Кафмол карда донашро гирифтан хост. Не, баръакс, сихҳояшро шикаста-шикаста партофту хўшаи вазнинро паси гўш ниҳод ва боз сўи мошини Раҳим нигоҳ карда, ба Амир рў овард:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо