Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ташаккур. Шумо бе ин ҳам дар сари рул монда шудаед.
— Не, ҳеҷ гап не, диҳед ба ман.
— Ман, худам...
— Биёед, биёред.
Вай досро гирифта каме ба комбайнчӣ нигоҳ кард, пас бо лабханд гуфт:
— Ҳаминро надаравем, намешавад-мӣ?
— Намешавад...
— Ҳеҷ гап не, рондан гиред.
— Диҳед, худам медаравам. То ин қадар ҷоғ задана, мешудам.
— Не-не, ман медаравам. Читу ба шумо дурўғ нагўм, сухани шуморо шунидан мехоҳам.
— Ман ҳеҷ гап надорам.
— Читу ба шумо дурўғ нагўм, гап ёфт шавад ҳам, намегўед.
Шумо одами нағзу боз ганда.
— Ҳа, ман ганда, досро диҳед.
— Не-не, ана ман сар кардам.
Вай ҳунар нишон доданӣ шуд. Аммо агар як хўшаи гандум ба қабза ояд, дутои дигараш дар замин мемонд.
— Аз ин дарави шумо комбайнро ронданам беҳтар.
— Гуфтам, гапамро нагирифтед. Ҳеҷ гап не, кам монд. Читу ба шумо дурўғ нагўм, шутур ба элак лангидааст. Шунидаед?
— Шунидаам. Бас, худам медаравам. Арақатонро хушк кунед.
Монда мешавед, боз дар сари рул хобатон набарад.
— Барои ҳамин шумо ҳамроҳам меравед. Сабр кунед, ман сафари охирин омада шуморо мебарам.
— Ташаккур, ташвиш накашед.
— Читу ба шумо дурўғ нагўм, рафтани шумо ҳатмист. Ё бо мошини ҳамшаҳратон меравед?
— Не, ба ман фарқ надорад. Шумо ҳам ҳамшаҳр, вай ҳам.
— Набошад ман омада мебарам.
— Ташвиш накашед. Эҳтимол ман имшаб наравам.
— Инту бошад ман, наздатон меоям.
— Не... е!
Гўё ба дили оташбори Амир оби сард рехт. Вай неши досро ба замин зада, сўи мошинаш рафт. Духтар досро гирифта гандуми пеши комбайнро даравида, муштаҳоро ба сўе гузошт, баъд ба сари рул нишаста, як ба қафо чашм давонд, рўймоли сарашро кушода арақи пешонию сару гарданро пок карду моторро даргиронд.
Комбайн ба ҳаракат даромад. Вале мошин наздик намешуд. Ў комбайнро дошт ва аз кабина сар берун карда ба гандумзори паҳновар зеҳн монд. Куртаву эзори яклухти сиёҳи ў ба танаш часпида, сари дилашро намоиш медод. Духтар мўйи дар паси сар

пешина
аз 393
навбатӣ