Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Агар гўм, ба худо, ки рўбоҳ барин аз даҳонат пўст меканад.
— Ту, духтарак, акнун бо ман дониста муомила кун. ман ба ту баччача не. Очам мегўяд, ки писарам, фардо зан гирӣ, пасфардо занат мезояд. Вале ту назарногирона бо ман гап мезанӣ.
— Ман дигар бо ту гап задан намехоҳам.
— Чч...
— «Саидқул, ҳў-ўй Саидқул!» – овози Умматқул баромад.
— Мурдӣ,— ба ҷавон гуфт духтар.
Саидқул ба ў нигоҳ карда монд. Ранги рўяш парид.
— Намегўӣ-а?
— Мегўм, ваъда деҳ, ки дигар ба ман чаққа намешавӣ...
— Ин хел бошад, ба халқи олам гўй... Акнун ту рав, ман аз он тараф давр зада меоям.
— Ба ман корат набошад, рафтан гир.
— Ҳа, мўйсарро интизор мешавӣ?
— Фисин!
— Чӣ-ӣ!
— А-а-а! Ако-о-о!
— Дониста бош, ту...— Саидқул давоми суханашро нагуфта бо нарангушт ба сари синааш ишорат кард ва ба ҷавоби духтар интизор нашуда тозон рафт...


— Акаи Шариф, ман фаҳмидам, ки боз ба вилоят мерафтаед.
Лекин ман савод надорам, ки ба шумо хат нависам.
— Барои чӣ, мактуб?
— Гап дорам.
— Гапат бошад, ҳамин хел гуфтан гир.
— Намешавад. Баъд бо шумо гап зада истоданамро бинанд, мекушанд.
— Кӣ?
— Аком, боз ана вай...
— Набошад, ман зери кўҳи «Чилдухтарон» меравам. Ҳамон ҷо биё.
— Мебинанд, баъд мекушанд.
— Не, ҳеҷ кас ҳад надорад, ки туро кушад. Биё! — гуфт Шариф ва бо пайроҳаи байни дарахтон қадам зада сўи «Чилдухтарон»
рафт. Зери дарахти себи хубонӣ нигарон шуд. Духтарак наомад.
Баъд қаҳр карда рафт. Вақте ки байни дарахтонро гузашта мерафт, аз пас садои ҳуштак баромад. Ў баргашта нигоҳ кард, касеро надид. Боз рафт. Боз садои ҳуштак баромад. Ин дафъа қасдан нигоҳ накарда рафтан гирифт.«Акаи Шариф!» базўр шунида шуд овози духтарона. Ў баргашт. Духтарак дар рўй ранг надошт, вале механдид.

пешина
аз 429
навбатӣ