Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Базўр гурехта омадам.
— Чӣ хел?
— Аком омада буд. Ҳозир дар шипанг. Шуморо интизор аст.
— Чӣ мегўяд?
— Шумо меомадаед, ҳамроҳ кор мекардаетон...
— Хайр... Гапатро гўй, ман равам...
— Гапи ман даррав тамом намешавад. Шумо падари маро ёфта наметавонед?
— Гапат ҳамин?
— Не, боз ҳаст.
Шариф ба фикр рафт. Ў ҷавобе гуфтан хост, то духтар хафа нашавад. Ба чашмони махмури духтар нигоҳ карда гуфт:
— Агар лозим бошад, кофта меёбам... Лекин ту натарсидӣ, ки ин ҷо назди ман омадӣ?
— Не, ман наметарсам.
— Ман ҳамин ҷо туро кушта партоям, кӣ медонад?..
— Ман медонам, ки шумо ин хел одам не, барои ҳамин омадам.
— Не, ту ҳоло маро намедонӣ.
— Ман надонам, аком медонад. Ҳар рўз шуморо таъриф мекунад.
— Вай нодуруст таъриф мекунад. Хайр, гўй, ки боз чӣ гап дорӣ?
— Ман мехоҳам шуморо фол бинам.
— Фол? Чӣ фол мебинӣ? Дар хурдиам модарам маро ба ҷўгӣ фол нишон додааст, фолбин гуфтааст, ки дар понздаҳсолагиаш мемурад. Шукр, ки дар ҳаждаҳсолагӣ зиндаам.
Духтар аз шарм сурх шуд ва сар ба зер афканд. Сипас зери лаб гуфт:
— Вай дурўғ гуфтааст. Ҳамин хел гуфтааст, ки модаратон шуморо бисёртар дўст дорад.
— Он қадар дурўғ ҳам не. Дар понздаҳсолагиам модарам мурд...
— Ман беҳуда омадам.
— Барои чӣ?
— Аламатонро тоза кардам.
Шариф ба духтар нигарист. Аз чашмони духтарак шарора парид.
— Ман ҳам шумо барин аз падар ҷудо шудам.
— Ғам нахўр, падарат гашта-гашта, ба пои худ меояд.
— Не, акнун дер шуд, вай намеояд.
— Аз куҷо медонӣ, фол дидӣ?
— Ман не, модарам…
— Бовар накун... Ин гапро мон. Канӣ маро фол бин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ