Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барои ҳамин ба мақсади Саидқулро шарм дорондан чанд бор ба ў салом ҳам дод, вале ў худро ба карӣ зада гузашт. Баъд Шариф ҳам салом намедодагӣ шуд. Вале ин чизҳо ба пои кори бригада намезад. Умматқул ҳар вақт Шарифро ҳамроҳ гирифта ба боғоти «Чилдухтарон»
мебурд: «Ту хондагӣ, додарам, чӣ кор кунем, ки бригадаамон аз ҳама пеш гузарад?» Ақли Шариф ҳоло ба бисёр чизҳо намедавид ва ба ў ҷавоби саҳеҳ гуфта наметавонист. Барои ҳамин мегуфт, ки ин чизҳоро, беҳтараш, бо раис маслиҳат кунанд...
Ба шипанг омадани онҳоро аз ҳама зиёдтар Гавҳар мехост:
ў зуд чою дастархон меовард. Вале Шариф бо андешаҳои зиёде лаби нони онҳоро намешикаст. Ва бо чунин андеша бо духтар гап заданро ҳам ор медонист. Лекин Саидқул ҳар гоҳ ба Гавҳар дўг мезад: «Чаро ў зуд-зуд ба хонаи шумо меояд?»
«— Ман надонам».
«— Не, ту медонӣ, ягон чиз нагуфта бошӣ, ў иқа бисёр намеояд».
«— Охир, девона, ў ҳамроҳи аком меояд-ку? Кўр нестӣ, худат мебинӣ. Омадан гирад, ба ту чӣ?»
«— Не, наояд. Ҳамин хел омадан гирад, туро ҳам мекушам, ўро ҳам».
«— Чӣ-ӣ? Ту фисин?»
«— Чӣ гуфтӣ? Тавба карда будӣ-ку!»
Гавҳар дигар ба ў гап назада рафт ва чунон ки Саидқул ба Шариф салом намедод, духтарак ҳам ба Саидқул салом намедодагӣ шуд.
Як рўз Саидқул духтарро дар боғот танҳо ёфта маҳкам дошт.
— Ту ҳоло барои як олуфта шуда ба ман салом намедиҳӣ, вай мўи сар дорад-дия-а?
— Ту аҳмақ ҳастӣ, Саидқул. Ҳамон бечора ягон бор бо ман салом-алейк ҳам нашудааст. Аммо ту дар тобистон ҳам нам кашида мегардӣ.
— Ҳа-а, хаёлат ман намедонам?
— Чӣ медонӣ?
— Гумон накун, ки вай туро мегирад. Рўймолча барин фисашро пок мекунаду мепартояд...
— Гум шав аз наздам, ҳаром! Оча-а-а!!!
— Ҷим! Дод гўӣ, мекушам!
— Ако-о-о!!!
— Девона будӣ-ку? Рав, лекин дониста мон, ки аз ман халос намехўрӣ!
— Ҳозир рафта ҳамаашро ба аком мегўм, туро мекушад.
— Як даҳан гуфта бин.

пешина
аз 429
навбатӣ