Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Умматқул андаке дар паси дари идора истод. Баъд нафасашро рост карда оҳиста дарро кушод ва иҷозат пурсид:
— Биё, Умматқул! — хоҳиш кард раис. Ў дар паси миз не, балки дар курсии пойгаҳ нишаст. Ба Умматқул даст дода вохўрдӣ кард ва ўро дар паҳлўяш нишонд. Ва табассум карда пурсид:
— Медонӣ, чӣ гуноҳ кардӣ?
— Не-е, — ҷавоб дод Умматқул ва ранги таги пўсти сиёҳаш зардча гашт.
Раис тағйир ёфтани ранги ўро пай бурд ва гапро дигар кард:
— Умматқул, як бор моро бедонадорӣ бар...
— Бедона лозим бошад, худам дошта меорам.
— Не, гап дар дошта овардани ту не. Ман ношод шудаам, дилам занг задагӣ барин, мехоҳам, ки кушода шавам.
— Агар бо доштани бедона кушода мешуда бошад, ман ҳар рўз мебарам. Ду тозӣ ҳам ёфта омадам, зимистон ба шикори рўбоҳ мебарорам... Не, раис, шумо маро масхара мекунед.
— Бедонадорӣ набарӣ ҳам, майлат, лекин як маслиҳати дигар:
мо туро бригадир таъин карданӣ.
— Чӣ хел?.. Ҷаббор...
— Ҷаббор хизматашро адо кард. Баъд, ҳар тоифа бояд аз худ сардор дошта бошад. Феълу атвори шуморо каси дигар аз ту хубтар намедонад. Бегона ҳама вақт бегона аст. Мисоли осонаш, директори мактабамон. Ҳар сол директори нав меомад. Бо мактабу мактаббаччаҳо шинос нашуда, мерафт. Ана се солест, ки директор аз худамон. Кораш аз онҳо беҳтар набошад, батар ҳам нест. Ба ҳар ҳол... Аз худат гап намемонад. Сардори оила бояд одами ҳамон ҳавлӣ бошад...
— Гапатон дуруст, раис, лекин ман наметавонам: савод надорам.
— Савод надорӣ... Илоҷашро меёбем. Писари Зарифи дароз техникуми хоҷагии қишлоқро тамом карда омад. Ҳамонро ба ту шогирд мемонам, ҳама корро медонад.
— Раис, моро, ки ба ҳамин роҳ овардед, ҳар чӣ хоҳед, ихтиёратон...

16

Писари Зарифи дароз Шарифи тарбияи вилоят гирифта аввал
аз ин таклифи раис ранҷид. Гўё аз ҷўгиҳо ҳазар кард. Гапи Умматқулро нагирифт. Баъд одат кард. Вале Шариф Саидқулро хуш
наомад. Ба қавли ў «ҷавони хондагӣ» ба Гавҳар зуд-зуд дуздида
нигоҳ мекунад ва ин чиз ба иззати ҷавонмардии ў мерасад. Чанд
рўзи аввал ҳаваси ҷўрагӣ пайдо карда буд, акнун салом додан
намехоҳад. Салом диҳад, ба хаёлаш, дар баданаш заҳри каждум
медавад. Лекин Шариф чизеро пай намебарад ва гумон мекунад, ки ақли ин ҷўгибачча ба салом додан намерасад.

пешина
аз 429
навбатӣ