Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он қадар гирист, ки гўё майнааш об шуда рехт ва акнун дар хусуси чизе фикр карда натавонад. Баъд, аз хонаи шафат садои хандаи Гавҳар омад, ки бо янгааш Талъат сўҳбат дошт. Пас ў бо ҳамон хуррамӣ назди модар омад ва ўро қуткандаву гирён дида ҳайрон монд. Манаҳи модар меларзид.
— Хунук хўрдӣ, оча? – пурсид ў.
«— Ҳа» – бо ишораи сар ҷавоб дод ў.
— Биё, ба хонаи янга гузарем, он ҷо гарм.
«— Не!» – боз бо ишораи сар рад кард ў ва дандон ба дандон зада, ларзон гуфт:
— Ман бояд назди раис равам... Аз дастам гир...
Гавҳар аз дасти модар гирифт, баромаданд, вале пиразан аз даҳшати хунукӣ ва тарси бозафтидан пеш нарафт. Ў солҳои сол нимбараҳна ва бо кафшҳои дарида дар ба дару деҳа ба деҳа мегашт, сармову гарморо ҳис намекард, вале имрўз хунук мехўрад ва мелағжад.
— Ҳамин рўз рафтан шарт аст, оча? – ҳолати модарашро пай бурда пурсид духтар.
Ў ба ҷои ҷавоб ба духтараш сахт нигарист, баъд мисли оҳуи рамида ба барф ғўтида-ғўтида сўи идораи колхоз равон шуд. Гавҳар ба пайи пои ў по гузошта мерафт. Дар пешайвони идораи колхоз кафшҳояшро кашида, барфи даруну рўяшро афшонда ва бо нохун барфҳои сахтшударо канда, аз нав пўшид, баъд дари идораи раисро кашид.
Умматқул модарашро дида шах шуда монд. Пиразан баробари аз дар ворид гаштан худро ба пеши мизи раис партофт ва гирист.
То атрофи мизро давр зада гузаштани раис Умматқул модарро бардошт. Дандонҳои ў ҳоло ҳам ба ҳам зада садо мебаровард ва пиразан гап зада наметавонист.
— Чӣ шуд, оча? – пурсид раис.
Модар ҷавоб гуфта натавонист ва бо ишораи даст писарро нишон дод, ки аз ў пурс.
Раис ба маънии савол ба Умматқул нигарист.
— Шўяшро ёд кардааст, – оҳиста гуфт писар.
Раис аввал хандид, вале фурсате нагузашта қиёфааш ҷиддӣ гашт. Баргашта ба курсӣ нишаст ва аз кампир пурсид:
— Рост аст? Умматқул рост мегўяд?
Пиразан ба ў нигоҳ кард, вале ҷавобе надод. Гўё сурати ўро дар миёнаи хона рост карда буданд.
— Ман акаи Худойқулро ёфта меоварам, – ваъда дод раис.
Гўё бадани яхбастаи пиразан об кушод, гармии кабинети раисро ҳис кард, ба худ омад, ба лабонаш табассум пайдо шуд, вале дар гармии хона хунук хўрдани пояшро ҳис кард.

пешина
аз 429
навбатӣ