Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барфҳо об шуданд. Боз дўлонаи дашт гул кард. Себҳои «Чилдухтарон» аз гул фуромаданд. Ҳоло ҳам кампири Чинӣ интизор, ки раис аз шавҳараш хабаре меорад. Вале хабаре набуд. Аз ин рў дар сари роҳ ва ё атрофи идора кампири Чинӣ аз пеш баромада монад, раис ба ронанда мефармуд, ки худро ба нодонӣ зада, мошинро ронда гузарад.
Боре пиразан тамоми рўз назди идораи раис истод, мошини ў чанд бор наистода, гузашта рафт. Пиразан раисро дид. Баъд хориаш омада ба хона баргашт ва калтакро ба замин задан гирифт.
Дигарон гуфтанд, ки ў девона шудааст. Тамоми шаб фикр кард.
Хобаш набурд, баъд ба сараш дард даромад. Ду раги чаккааш, ба қавли худаш «луқ-луқ» мекард. Сари субҳ бархоста, калтаку саночашро гирифта аз дар баромад.
Бадар шудани ўро касе надид.
Рўзи сеюм аст, ки аз ҷўгиҳо касе ба кор намебарояд. Умматқул ба мотам нишастааст: «Ятим мондам» мегўяд. Ва худро сарзаниш мекунад: «Танбалӣ накарда, падарро ҷустуҷў карда меёфтам, имрўз бемодар намешудам…»
...Ў ҳама ҷоро кофт, назди раис ҳам рафт, вале Чиниро ёфта натавонист. Рўдборро хабар гирифт, ки осоре ёбад: зери ҳар дарахту буттаи боғи «Чилдухтарон»-ро нигарист, то нишоне пайдо кунад, чизе дарёфт накард. Баъд лаби рўд рафта, чу марди сўгвор гирист ва хобҳои неку бади дидаашро ба об гуфт. Сипас худ аз худ ба сараш омад, ки шаб хару хингил кунаду аз баҳри колхоз даргузарад. Як бурда нон бошад, Талъат аз дарҳо ёфта меорад.
Ў баргҳои маҷнунбедро канда ба об андохт, ба рафти онҳо нигоҳ карда ба андеша рафт: «Одамро ҳам ҳамин хел мебурда бошад?
Не, одам вазнин, ба зер меғўтад. Баъде ки мурд, об ба канора меандозад. Аз мурда ҳама чиз ҳазар дорад. Ҳатто об ҳам». Ў ҷаста хест. Қад-қади рўд рафт. Канораи дигарро намедид, вале нигоҳ мекард. Рафту рафт, рўз бегоҳ шуд. Баргашта ба «Чилдухтарон»
омад, ки торик шуд. Аз торикӣ ва хиш-хиши баргҳои дарахтон дили Умматқулро ваҳм гирифт. Ў каме бозистод ва чашмонашро пўшида кушод, ки шояд равшантар гардад. Фақат садоҳои гуногуни ҳайвону ҳашара ва садои хунталаби Зарафшонро мешунид.
Акнун аз шарфаи пои худаш хам ҳарос дошт. Мисли дузде аз дарахте ба дарахте мерафт. Арақ кард, ки либос ба баданаш часпид.
Ба хона омад, аз рўи одате, ки ҷўгиҳо ҳеҷ гоҳ дарашонро қуфл намекунанд, имшаб ҳам дарро боз ёфт, даромад. Талъат ҳамроҳи Гавҳар дар ду гўшаи хона ғунча шуда менишастанд. Умматқул даромаду дароз кашид, баъд арақ кардан гирифт. Талъат дасту пои ўро молид.

пешина
аз 429
навбатӣ