Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Кай мерӣ, Умматқул?
— Биргад мўза биёрад, мерам.
— Худо донад, ў кай биёрад.
— Мебиёрад. Ҳамин рўз.
— То ту мерӣ, ки ў дар хунукӣ мемурад.
— Айби худаш.
— Боз гуфтӣ-а?
— Гапам рост, оча?
— Рост бошад ҳам, мерӣ!
То пагоҳ он қадар барф борид, ки раҳу бероҳаро фарқ кардан муҳол буд. Роҳи калонро дарахтҳои канори роҳ нишона буданд, вале пайраҳаро нишонае набуд. Шайтонбод хамиҳоро бо вотҳо яксон кардааст. Роҳи калон маълум. Дар канори худ нишона дорад. Вагарна Умматқул бо кадом роҳ рафтанро намедонист. Айби модараш. Тамоми умр дар ба дар садақа пурсида мегашт, ҳеҷ гап набуд. Акнун як даҳан гап, ки гўё Худойқул гадоӣ кардааст, ору номуси ўро барангехт. Чинӣ фаромўш накардааст, ки рўзи тўй мурдаву ғассолӣ ва хўроку пўшоки Худойқулро ба зимма гирифта буд… Ҳоло писараш Умматқулро ба ҷону ҳолаш намонда ба гумҷўии падар фиристод. Вале Умматқул дар ин арасот, ки мошинҳо аз ҳаракат бозмондаанд, аз як деҳа дур рафта натавонист.
Ў як шабурўз дар меҳмонхонаи гузари боло гарм шуда хобид.
Баъд бегоҳи дигар ба назди модар баргашт.
— Наёфтӣ, Умматқул?
— Ёфтам.
— Гапи маро нагуфтӣ?
— Гуфтам, ҳамаашро гуфтам, наомад.
— Дурўғ мегўӣ, надидаӣ, ўро наёфтаӣ... Аз афташ, ўро биё нагуфтаӣ!
— Гуфтам, гуфтам, гуфтам!!! Намебиёд!
— Барои чӣ?
— Биҷон намемонад!
— Чӣ?..
Умматқул дари хонаро кушод, то берун барояд. Боди барфпеч ба хона ҳуҷум кард. Кампири Чинӣ бари ҷомаашро рўи зону гардонд ва дастон дар сари сина ҳалқа карда, вазн бар зонувон андохта, мотам гирифт.
0Бод зўри дигар зада дарро пўшонд ва садои пуршасти ў ба асаби таранги пиразан сахт расид. Хост бархоста калтакро гирифта дару тирезаҳоро зада шиканад ва худ баромада равад. Вале таъкидҳои бригадир ба ёдаш омад, ба ин кор ҷуръат накард. Бархоста назди тиреза омад. Умматқулро дид, ки ба роҳи калон мебарояд.
Кампири Чинӣ калўши нимдошташро пўшида баромад ва ду-се қадам рўи барф гашта буд, ки калўши судашуда лағжид. Пиразан рўболо афтид. Сахт афтид. Лаб зери дандон гирифта баргашта ба хона даромад ва дар хонаи танҳо гирист.

пешина
аз 429
навбатӣ