Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Садқат бишам, ягон боғхонаро худо гирифтааст чӣ? Мо аз дар ба дар гаштан ор намекунем.
— Не, ин хел не. Озода бошад, хуб-дия! – гуфт бригадир ва рафт.


Кампири Чинӣ калтаки дигар ёфта буд, пас аз рафтани бригадир онро ба девори берун такя гузошт ва ба хона даромада аз сандуқи кўҳнае, ки аз нақшҳои рўяш осоре ҳам боқӣ намонда буд, латтагиреҳеро гирифта ба ҷайби яктаҳаш андохт, берун омада калтакро бозгирифт ва номаълум паҳлўи хонаро гузашта ба роҳи калон баромад. Вале аз пеш Умматқул омад.
— Куҷо рафта истодаӣ, оча? — Гадоӣ?
Нўги калтаки пиразан ба замин расид, вале худи ў ҷавобе надод.
— Ба ту чӣ шуд?
Боз нўги калтак ба замин бархўрд.
— Гард! – аз китфи ў дошта ба ақиб гардонданӣ шуд Умматқул.
— Бас, дигар тоқат надорам.
— Тоқати чӣ?
— Ман меравам, пурсуҷў карда отатро меёбам.
— Ту ёфта наметавонӣ, лозим шавад, худам ёфта меорам.
Модар ба писар бовар карда ҳамроҳаш баргашт. Хеле хомўш рафтанд, дар даромадгоҳи боғот Умматқул худ аз худ ба гап даромад:
— Саттори акои биргадамон мегўд, ки Худойқулро дар бозор дидам, гадоӣ мекард.
— Чӣ?! Ў дар умраш гадоӣ накардааст. Ман ҳама вақт ўро мехўрондам, мепўшондам...
— Охир, ҳоло ту ҳамроҳи ў нестӣ-ку?! Баъд худат дида будӣ, ки дар танаи ў як яктаҳи лах-лаха буд.
— Не, Умматқул, ту бояд худи ҳозир равӣ!...
Аз рўи рўдбор як ғубори дудмонанд бархост ва оҳиста-оҳиста боғот, рўи идораи колхоз, ними дашт ва доманаи кўҳро фаро гирифт. Аз байни ҳамин ғубор боди сарде вазида ба устухони кас кора мекард. Бод шиддат гирифт ва ғубор бардошта шуд.
Барф борид. Аз вуҷуди пиразан ҳиссе гузашт, ки Худойқули ў ҳамин дам дар куҷое бепарастор аст ва сармои даймоҳ ба устухону ҷони ў кора мекунад. Касе нест, ки аз дарҳо барои ў як бурда нон талабида орад ва ё ҳезум биоварад, ки дар байни боғхонаи кадоме гулхан афрўзад. Ў мисли бузе, ки аз оғили гарм якбора ба ҳавои хунук баромада бошад, бадан ларзонд. Боз ба назди писараш барои зориву тавалло омад:

пешина
аз 429
навбатӣ