Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Хеле истод, паси зардбед шуд.
Садои шевани ў меомад. Гавҳар даҳон пур кард, ки фарёд занад, боз худдорӣ кард. Ҷавонписар ҳам омад. Кампири Чинӣ нишаст, хест, боз нишаст. Пояшро ба об гузошт. Боз ба атроф нигарист.
Хеле ҷунбу ҷўл кард. Ду даст аз остин кашид. Пас сар аз гиребон бароварда буд, ки духтар Саидқулро «дур рав» гуфт. Саидқул дур рафт. Кампири Чинӣ ҳамон зайле ки нишаста буд, шорида ба даруни об фаромад ва чун моҳӣ фурў рафт:
— Очаа! – фарёд зад Гавҳар ва ба сўи ў тохт.
Кампири Чинӣ аз шохи зардбед дошта куртаашро пеш кашид ва ба сар андохта аз об баромад.
— Оча! Маро заҳракаф кардӣ!
— Чӣ шуд? – парешон шуда пурсид модар.
— Гумон кардам, худро ба об мепартоӣ.
— Барои чӣ?
— Охир, ту аз ин корҳо розӣ нестӣ, отам гум шуд...
— Ин чизҳоро фикр накун.
— Росташро гўй, оча: оббозӣ карданӣ будӣ ё ба об партофтанӣ?
— Рўд аз мурдаи ман сер намешавад, духтарам, ман аввал отатро меёбам, баъд мемурам. Охир, отат бегуноҳ буд. Ўро ёфтан душвор. Ба Умматқул худо инсоф медод...
— Биё, ҳардуямон кофтанӣ меравем.
— Не, ёфта наметавонем, духтарам... Худаш ягон вақт саргашта шуда меомадагист.
12
Ҷўгиҳо гўё соҳиби боғоти «Чилдухтарон» шуданд. Вале хонадориро намедонистанд. Аз рўи одат дар як хона ҷамъ меомаданд ва дар мобайни хона оташ афрўхта ва ҳалқа гирифта, дарҳоро во гузошта менишастанд. Баъзан хона кўрдуд мешуд. Фақат дар моҳи аввали зимистон деворҳо, болору вассаҳо аз дуда қатронӣ шуданд. Кор то ҷое расид, ки ҷўгиҳо худро ҳокими мутлақи боғот дониста ба дарахтбурӣ гузаштанд. Чунин рафтор ба роҳбарони колхоз хуш наомад ва саҳл монд, ки аз баҳри ёрии ҷўгиҳо даргузаранд. Аммо ин тавр нашуд. Ҷаббор ба хонаи онҳо меҳмон шуд ва фаҳмонд, ки ба бухориҳо оташ гиронанд ва ба дарахтҳои боғот кордор нашуда, рафта, аз кўҳ ҳезум оранд.
— Садқат бишам, мо фақат дар як хона алов мекунем, дигараш озода аст, – гўё шарм дошта гуфт кампири Чинӣ ва мунтазири ҷавоб нашуда аз бригадир пурсид: – Садқат бишам, кадом рўз омада гуфта будӣ, ки «Гадобой ачўт» мешад. Кай мешад?
— Мешавад, оча! Шумо гуфтаҳои маро аз ёд набароред. Вагарна, кор хуб намешавад. Боз дар нисфи зимистон аз хонаҳо бароварда пеш накунанд, ки…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё