Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пул талаб мекард, ҳатто дар сарфолӣ ҳам пул мехост.
Ва ин чиз дар занаке, ки ба пурсида насиба рўёндан одат карда буд, як ҳирсро бедор кард. Чинӣ тамоми зимистон дар хона нишаста натавонист, гашт ва пули зиёдеро пасандоз кард. Ва акнун ҳушу хаёлаш бар он буд, ки тамоми пули ғун овардааш равад ҳам, Худойқулро бояд ёбад. Аз ин рў ҳар вақт «Умматқул, садқат бишам, ҳеҷ дилат ба отат гум мезанад?» гуфта ўро ёдовар мешавад, вале Умматқул дам ба дарун дорад. Гўё бепадар калон шудааст, ёдаш намекунад. Вале яқин мекунад, ки дар тоифа касе намерасад.
Як кас, ки ҳукмаш бар ҳама раво бошад. Чун даҳо, чун сартоифа:
пешвою раҳнамо. Умматқул ҷавонӣ мекунад, усто Нуриддин ин корро карда наметавонад. Лекин сарвар интихоб кунанд, ба таври худ навъе садо бароварда «ҳою ҳуй» карда мегардад, аммо чунон ки қабила хоҳад, ба ҷо оварда натавонад. Одамӣ феъле дорад, ки хўсаро рост карда ва ороста «сарвар» хонанд, итоат мекунад, лек он ҳам пайдо нест. Боз худи Чинӣ ин вазифа ва хизматро ба ўҳда мегирад. Гумоне меравад, ки ҷўгиён акнун давраи модархудоиро аз сар мегузаронанд. Раис ҳам Чиниро сардор таъйин кард.
Ба назар чунин расад, ки дар ҳаёти ҷўгиён оромие шуд. Талошҳо гум шуданд, гўё ҳамаи кашокашҳо ва талоши зиндагии онҳо ба Худойқул вобаста буд ва ҳатто қашшоқиашон. Чун баҳор омада, кишту кор сар шуд, онҳо боз ба ташвиш афтоданд: аз боғхонаҳо кўчиданд, сарсон шуданд. Боз ба санглох нишастанд, вале ақлашон нигирифт, ки аз раис сахт даъво кунанд. Вақте ки Ҷаббор омада онҳоро ба кор бароварданӣ шуд, муддаояшонро гуфтанд:
— Биргад, ин чӣ коре буд, ки моро масхара кардӣ? – ба шўр омад Чинӣ.
— Чӣ хел масхара?
— Хона ҳаст, гуфта, моро умедвор кардӣ, қариб зимистон мурда будем.
— Мешад, апаи Чинӣ, мешад, – гуфта Ҷаббор онҳоро ором карданӣ шуд, вале баъзеҳо дигаргуна ҷавоб доданд: «Ҳаҳ, ҳамин қадар сол боғхона ба боғхона гаштед, чизе нашуд, нола накардед, акнун нозгунҷ шудед, а?!» Ин гап ба Чинӣ сахт расид. Боз аз тақдир норозӣ шуд. «Моро дар арши аъло ҷой диҳанд ҳам, боз ҳамон гапҳои пастро насиб медонанд», – худ ба худ гуфт ў ва нахост, ки боз ба ин масъала баргардад: мабод, ки ҳарфи ноҷое аз даҳонаш барояд, ки ҳам худ хафа шаваду ҳам дигарон. Аз ин рў зуд ба хайма даромад. Чунон ботинан ситехт, ки дигар ба кори колхоз ҳамроҳ намешуда бошад. Лекин ин зайл нашуд: дар ғалтаки палҳои шолӣ, кишту хишова ва дараву кўфти он ширкат дошт. Вале дар ин миён боз нохушие рух зад: бародараш Адҳам «Ин кору боратон ба ман нафорид» гуфта занҳояшро гирифта ба Қабола рафт.
Чинӣ тамоман девона гашта, «ба ҳамаи ин ту гунаҳгор» гуфта ба Умматқул дарафтид. Ў ду по дар як мўза ҷо кард, то аз баҳри колхоз бароянд ва ба Қабола кўчида раванд.

пешина
аз 429
навбатӣ