Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Колхоз аноӣ нашудааст...
...Вақте ки ҳаво бўи барф кард, Чинӣ ба писараш «салом дод», зеро гуфтаи ў шуд. «Колхоз ҷинӣ нашудааст, ки ба ту ҳар чизро лўп-лўп бароварда додан гирад» гуфта буд, гапаш омад. Аввал ваъда буд. Баъд баҳона, ки хонаҳо буд нашудааст. Ҷўгиҳо боз ба боғхонаҳо кўчиданд. Чинӣ ошисўзонхўрда гашта буд. Дасти ў буду халтаю асо. Хумори дарбадарӣ гирифта буд. Хуморашро бо ҳақорат, дашном, бо дуою сано шикаст ва хонаи бародараш омада фармуд, ки палонҷҳо – Норҷону Райҳон ба садақаталабӣ раванд. Вале онҳо дар шигифт шуданд, ки чаро Чинӣ онҳоро мефиристаду худаш намеравад? Онҳо шарм доштанд, вале сухани Чиниро гардонда натавонистанд. Дилу бедилон халтаҳоро ба китф андохта, аз боғхона баромаданд. Аммо Чинӣ аз хумори дарбадарӣ асоро мазбут дошта, назди дарвағна рост меистод.
Палонҷҳо чанд дарвозаро гузашта, надаромаданд, аз кўчаи калон сар карданд. Гўё ки ин деҳа ва феълу атвори мардуми онро даҳ ангушташон барин медониста бошанд, аз хонаҳои баобрўён сар карданд, вале пушаймон шуданд. Дар ҳар ҷо таъна ва ё масхарае буд. Онҳо хеле андеша карданд ва оқибат фаҳмиданд, ки дили доро ба ҳоли нодор намесўхтааст. Ва инак ҳар даре, ки боз буд, даромаданд, дарҳои бастаро кушоданд. Кадхудоён ва кадбонуҳо онҳоро «Колхоз шудед, ҳоло ҳам дар ба дар мегардед?» нагуфтанд, балки «Колхоз шудем, гуфта, давр ҳам намезанетон?» изҳор мекарданд, ки пазмон шуда бошанд. Ҳар чӣ лозим бошад, аз инҳо рўёндан мумкин буд, вале дар ин чанд муддат гуфтори садақапурсӣ аз ёдҳо рафтааст. Медароянду чашм ба чашми соҳибони хонаҳо дўхта хомўш мемонанд. Яқин, аз ҳарфи бедаҳане, бемулоҳизае бим доранд. Оҳиста-оҳиста Норҷон равон шуд, вале Райҳон гўӣ дар бинои умраш садақа наталабида бошад, дар ягон ҷо даҳон накушод. Норҷон аз ин рафтори ў ҳайрон шуд:
— Ягон вақт садақа пурсида будӣ?
— Ҳа...
— Чӣ-ба имрўз напурсидӣ?
— Шумо будед, барои ҳамин...
Ҷавоби Райҳон нагузошт, ки ў боз ягон чиз пурсад ва то хона хомўш омад.
Сафари имрўза ба ҳама писанд омад. Чанд вақт онҳо бо кор машғул шуда, ризқи ба рўи мардум пошидаашонро фаромўш карданд:
имрўз ба хотирашон омад. Чинӣ ҳам асою халтаи чанг гирифта хобидаро афшонда, ба дарҳо рафт. Гўӣ дар ин муддат аҳли деҳ ўро интизор буданд. Ба ҳар даре сар халад, «фол бин» мегуфтанд.
Чинӣ гуфтори куҳанро такрор мекард ва мисли қорибаччаҳо гўё сураҳои Қуръон аз ёд мехонд. Мардум сер шудаанд ва нағмаҳои зиёд баровардаанд: аз тифли гаҳвора то пири барҷомонда ҳамаро фол нишон медоданд. Ва Чинӣ чунин ҳол дида, талабҳои зиёд мебаровард.

пешина
аз 429
навбатӣ