Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Ҳеҷ надидаӣ-а? – киноя кард Гавҳар.
— Дидаам... Як гапак.
— Чӣ?
— Намегўм. Отам гуфтагӣ. Намегўм.
— Нагўӣ, нагў. Зорӣ намекунам.
— Як гапак. Гапи нағз. Бири ту.
— Бири ман?
— Ҳа, бири ту, бири худам.
— Намегўӣ-а?
— Не.
— Набошад, дигар бо ман гап назан...
Мошини «Волга» саду панҷоҳ қадам дуртар аз хаймаҳо қарор гирифт. Кампири Чинӣ дастон бар зонуҳояш тира карда хест ва чанд қадам пеш рафта, ба ресмони хайма пеши по хўрда ба даҳон зад. Гавҳар тозон омада ўро бардошт. Пиразан бори дигар қомат рост кард ва аз мошин ҳамроҳи раис фаромадани писарашро дид, китфонаш бардошта шуд. Раис ба Умматқул чизе гуфт ва бо ишораи даст паҳнои даштро нишон дод. Умматқул сар ҷунбонд.
Пас ҳарду сўи хаймаҳо омаданд. Хаймаҳо мисли замин тар шуда буданд: ҳоло ҳам борони сим-сим меборид. Раис тоқиашро гирифта аз нав пўшид, баъд ба тоқии сиёҳи аз фарқи сар даридаи Умматқул нигарист. Пештар омада пиразанро дид ва боз ба Умматқул чизе гуфт. Умматқул сар ҷунбонд. Мўзаи пои раис ва калўши Умматқул гўё бефарқ лой мебардошт.
— Ассалому алайкум, – ба пешвоз баромада гуфт пиразан.
— Салом, салом!
— Садқат бишам, ин вақтҳо хабар намегирӣ?
— Кор бисёр, оча, баъд ин ҷо раву ун ҷо рав... Хайр, биноӣ ҳастед?
— Нағз, раис-бобо, лекин... нагўм ҳам, худат мефаҳмӣ.
— Фаҳмидам, оча. Умматқул гуфт. Хонаҳо буд шавад, кўчида медароетон.
Пиразан ба гапи раис сарфаҳм нарафта ба писараш назар андохт.
— Ба бехи дўлона хуб алав кардӣ-дия, а, писар? Ақиқ барин сурх шудааст. – Ба Саидқул чашм дўхта гуфт раис.
Саидқул аз ин гап хандид ва бо фахр ба Гавҳар нигарист, ки раис ўро мешиносад. Сипас забонашро бароварда ба зери биниаш рост кард.
«—Фисин!» – гуфт Гавҳар ва ба паҳлўи рости модар гузашт.
Саидқул гапи ўро нашунид.
— Хайр, вақт ки буд, як сари қадам хабар гирифтам...
— Умматқул, чӣ хел хона? Хонаи кӣ? – пас аз рафтани раис пурсид Чинӣ.
— Колхоз бири мо хона месохтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё