Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Шояд Худойқул ҳам давр гашта-давр гашта оқибат он ҷо равад.
— Умматқул, дигар намешавад, ё Худойқулро ёфта меорӣ, ё аз баҳри колхоз гузашта, кўчида ба Қабола меравем!
— Ҷоғ назан, ба ҳеҷ куҷо намеравем. Колхоз барои ту боғхона не, ки партофта рафтан гирӣ... Дониста гап зан!
Чинӣ ба писараш бад нигоҳ кард. Чунон нигоҳ кард, ки пайкари писарро месўзонда бошад. Баъд ба замин фурў нишаст. Агар аз дигарон шарм намедошт, мисли кўдак по зада, мегирист. «Худойқулро ёфта деҳ, вассалом!» гуфта ҳамаро гаранг мекард. Вале ў бедаму дуд нишаст. Умматқул ҳам ба ў аҳамият надода, аз пайи кор шуд ва ҳар вақт таъкид мекард, ки ҳама бояд аз дилу ҷон кор кунанд.
Ҷўгиҳо ин тобистонро ҳам дар сояи дўлонаи калон гузарониданд. Чун тирамоҳ фаро расид, бор бастанд, вале он марди чорпаҳлў, ки тамоми роҳ бори каҷи харҳоро рост мекард, пайдо нест, Адҳам ҳам нест. Умматқул ситеза карда, ҳамаро ба ўҳда гирифтааст. Ва дилаш пур, ки аз роҳаш намегардад ва аз кораш пушаймон ҳам нест. Алҳол ба ў усто Нуриддину Саидқул ёрӣ медиҳанд. Харҳои пурборро пеш андохта мераванд. Занҳо тифлонро ба пушти домони ҷомаҳо гирифтаанд, чўбҳои дарози говронашакл дар даст, халтаю саночҳоро дар китф овехтаанд. Мераванду мераванд. Чунон мераванд, ки гўё боз аз калхоз каҳр кардаанд...
Онҳо дур рафтанд, дўлона ҳам аз назарҳо дур монд.
Аз пеш боғоте баромад. Гумон карданд, ки боз дар боғхонаҳо ҷой мекунанд. Умматқул сари харҳоро ба чап гардонд, ба онҳо ҳарфе нагуфта. Аз рў ба рў як бинои сафеди барқад тофт. Гавҳару Саидқул канортар баромада нигоҳ карданд. Аз паси дарахтон садои рўд меомад. Ин ҷо мисли дашти Дўлона гарм ва шамолрав не, балки серун аст ва нафаси рўд зада меистад. Дуртар аз ин бино шипанге ҳаст ва он ҷо чанд нафар нишаста истироҳат мекунанд.
Ҳамин ки тоифаи ҷўгиён ба иморат наздик шуд, онҳо бархоста ба пешвозашон омаданд: онҳо – раиси ҷамоат, бригадир Ҷаббор ва он ҷавонмарди хушбурут, ки рўи баҳор ҷўгиёнро номнавис карда буд. Хеле кушодарў ва хушмуомила омаданд ва ниҳоят боилтифот гап зада, муваққатан ин ҷо зиндагӣ карданашонро ҳам гуфтанд, вале дар охир боз ҷўгиён ранҷиданд:
— Ҳар хел ҷулу ҷиғел ва халтаю калтакатонро надароред,
– гуфтанд онҳо.
— Садқат бишам, ин хел нагў, ҳар чизро паси сар кардану пеши по задан хуб нест, – ба гап даромад кампири Чинӣ, маълум, ки аз калтаку асо дил кандан намехост: – Садқат бишам, худатон як матал доред, ки чўпоне подшоҳ шудааст ва мўкии чўпониашро ба шибдори хона овехта мондааст. Ҳар боре давлату савлат бардораш диҳад, ғурураш гирифта ва ҷоҳил гашта ҳама чизро фаромўш кунад, чашмаш ба мўкӣ афтида, дамаш паст гашта ва худ ба худ «кӣ будию кӣ шудӣ?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё