Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Куҷо мерӣ?!
— Гум шав-э, шумдидор! – рў ба писар гардонда гуфт Чинӣ.
Гавҳар боз худро дар паноҳи ў гирифт.
Умматқул даст ба гиребон бурд ва забонаш лол гашт, ки ба модар сахт гуфт. Пас онҳоро ба ҳолашон вогузошт ва ба бригадир фармуд, ки сечархаро сўи дарёбод ронад.
Сечарха роҳӣ шуд. Аз пас садои ҷигархароши модар баромад:
— Нарав, мекушад! Умматқул, нарав!!!
Умматқул ба пас нигарист. Модар ба замин нишаста фарёд мекашид ва даст ба сари зону мезад.
Сечарха бозистод. Умматқул фаромада назди модар рафт. Рў ба рўяш Саидқул омад.
— Оча, бихез! Нигоҳ кун, мо ҳам панҷ нафар. Ҳамроҳ ра- вем, вай ҳеҷ кор намекунад.
Чинӣ ба писараш нигарист, меҳри модариаш тофт, ки ба ў гуфт:
— Ҳеч гап не, бихез, биргад ҳамроҳамон, ў гап намезанад,
– гўён аз зери дасташ гирифт, то бардорад, аз дасти дигараш Саидқул гирифт.
— Хайр, шумо равед, ман бояд садақаҷўӣ равам, ҳама гушна.
— Оча, бигард!
— Не, писарам, ту рафтан гир, худо ба пешонии мо наандохтааст.
Умматқул сар хам кард.
— Ба чап гардонед, ҳўў дар байни он зарбедҳо,– бо ишораи даст ҷангали рўдборро нишон дод Саидқул.
— Аз об намегузарад-ку! – ба сечархааш ишора кард Ҷаббор.
Онҳо аз тунукоба гузаштанд. Аз рўи фармуди Умматқул яктоӣ дос ҳам доштанд. Баногоҳ аз байни буттаб газгулҳо як марди ҳабаш баромада рў ба рўи онҳо истод. Ваҳшинигоҳ буд. Сипас ҳарфе нагуфта як таёқи ғурмдорро бардошта «Ҳаад!» гўён ба Саидқул ҳуҷум овард. Саидқул аввал ҳамраҳонро пушт карда, муқобили таёқи ў дос бардошт. Баъд дид, ки Худойқул нигоҳашро аз ў наканда пеш меояд, досро ба замин партофта гурехт. Худойқул ба ҳардуи онҳо таёқ андохт. Таёқ мисли шамшер ҳавои паҳлўи Умматқулро бурида ба дасти досдори бригадир бархўрд. Дос аз дасти ў афтод. Ва ҳамон лаҳза Умматқул худро ба сўи таёқи падар андохт ва даст гирифт. Худойқул таёқро кашид. Умматқул ҳамроҳи таёқ сўи ў омад. Пас пирамард дандон ба дандон монда, ўро наздиктар кашид ва бо шаст таёқро аз дасти ў рабудан хост.
Вале Умматқул каме таёқро суст карда, якбора пуршаст кашид.
Таёқ мисли моҳии тар аз дасти падар лағжида баромад. Умматқул таёқро ба пас ҳаво дод.

пешина
аз 429
навбатӣ