Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Умматқул, ана ба он тараф нигар. Ба Саид корат набошад.
Умматқул ба рафти ишораи ангушти бригадир нигарист ва модару хоҳарашро дид.
Сечарха ба сўи онҳо ҳаракат кард, баъд дар пеши пои кампири Чинӣ қарор гирифт. Ў карахт шуд, ранг аз рўяш парид. Лабонаш ларзиданд. Гавҳар ҳам гўйӣ аз дўғу пўписаи падараш тарсида буд, худро дар паноҳи модар гирифт. Баъд аз паҳлўи чапи ў дуздида ба бародар нигарист.
— Кампири Чинӣ? – пурсид бригадир, вале аз ў ҷавобе на- шунид. Лабони пиразан ҳоло ҳам мепариданд, ба сони пардаи пиёз ба рўи лабонаш як пардаи кабудчаранг падид омад, пар- раҳои биниаш мисли бинии аспи дамкарда ба рўи хок хобида, аз андоза зиёд кушод мегаштанд. Баъд пойҳояш ҳам ларзиданд. Куртааш ҳам мисли шохи дарахте, ки касе меларзонда бошад, ба ҷунбиш даромад. Гавҳар аз матои кабуд, ки Чинӣ ба гирди миёнаш чанд давр гардонда баста буд, дошта, ҳамсони модар меларзид.
— Дигарҳо ку? – сар ба зер афканда пурсид Умматқул. Чинӣ гўё саволи писарашро нашунида, ба бригадир рў овард:
— Биргад... Садқат бишам. Чӣ мехоҳӣ аз мо?
— Ҳеҷ чиз. Мехоҳам, ки баргашта равед. Набошад, ҷавобгар мешавед.
— Чӣ хел?
— Чӣ хел? Шумо як бригадаи колхозро ташкил мекунед. Шолӣ коштед, пага-фардо мепазад. Онро кӣ дарав мекунад? Зери барфу борон монад, шумо ҷавоб мегўед.
— Боз гадоӣ рафта истодаӣ, оча? – пурсид Умматқул.
— Бар падари туву бар падари очат наълат! – асоро ба ҳаво бардошта гуфт Чинӣ. Вале Гавҳар аз пас дасти ўро дошт. Чинӣ баргашта духтарро тела дод.
— Маро заданӣ ҳастед? Занед!
— Ту кардӣ!... Аз рўзу рўзиамон ҷудо кардӣ. Боз ба дасти бало бурдан мехоҳӣ?... Ҳушёр шав, бачча. Додот ин дафъа раҳм кардам, мегўд, ба дастам афтад, каллаша меканам, мегўд.
— Ҳоло дар куҷост? – гўё ба дуоҳои модар парво накарда пурсид ў.
Чинӣ дандонҳояшро зиҳ занонда гуфт:
— Гўр кофта истодааст.
Умматқул ба шўр омад, вале боз худдорӣ карда, хандид...
— Механдӣ? Хандидан гир, мебинем, оқибаташ чӣ мешавад.
Садои сечарха баромад.
— Савор шав, – ба очааш фармуд Умматқул. Пиразан ҳарфе нагуфта, аз паҳлўи онҳо гузашта ба сўи деҳа роҳ пеш гирифт. Ба бадани Умматқул мурғак давид, баъд дар ғазаб шуда аз паси модар қадамҳои кушод зад ва аз китфи ў дошта пас кашид:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё