Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Ҳаа, мўза харида медиҳед, шумо ҳамаро фиреб медиҳед...
«Колхоз шав - колхоз шав!» гуфта, аз роҳамон боздоштед. Момои Чинӣ қариб халтаву таёқашро гум карда буд.
— Ту маҳмаддоно будаӣ, бачча! – ба ў синча карда гуфт бригадир.
— Ҳаа, маҳмаддоно, писари худатон бошад.
— Хайр, ин гапҳоро мону, ҷони акеш, гўй, ки онҳо куҷо рафтанд?
— Монда рафтанд.
— Куҷо?
— Ман намедонам.
— Нагўӣ, ошноиро меканам.
— Ман майдекак не, ки фиреб кунед.
— Барои чӣ ба ман бовар намекунӣ?
— Биё, ба матасикил шину нишон те, ки куҷо рафтанд.
— Ман намедонам.
— Бас кун, шин! – таҳдид кард Умматқул.
— Не, ба Худо не! Амаки Худойқул мекушад!
— Натарс, ҷошонро нишон деҳ, худат дур ист.
— Не, ў то дарёвод ҳамаро зада-зада бурд.
— Кадом дарёвод?
— Не, аз он ҷо ҳам рафтанд...
— Куҷо?! – фарёд зад Умматқул.
Саид дигар ҳарфе нагуфт. Ба сечарха савор шуд ва аз тарс аз миёни бригадир дошт. Сечарха мисли бод мерафт. Аз шиддати гармсер чашмони Ҷаббор танг мешуданд, вале ў суръатро паст намекард, гўё чашмони тангаш роҳро хубтар медиданд. Бо вуҷуди тез рафтани сечарха, ки ғайр аз таҳдиди марг чизи дигаре набояд ба сар меомад, Умматқул симои пурғазаби падар пеши назар овард ва чанд муддат дастугиребон ҳам шуданд.
— Ба кадом тараф? – гарданашро каҷ карда аз Саидқул пурсид бригадир.
Саидқул хеле андеша кард, баъд гуфт:
— Ба тарафи рост.
— Аз Дупула гузарам?
— Не, кад-қади дарё ҳай кунед.
Сечарха сусттар гашт. Хеле рафт. Аз ду деҳа гузашт. Ба ҳавзае қарор гирифт. Саидқул фаромада ба сўи деҳа гурехт.
— Саидқул! – хитоб кард Умматқул, вале ў ба пушташ нигоҳ накарда гурехт.
Баногоҳ чашми Ҷаббор ба зане афтид, ки халта ба китф, асои дароз дар даст, ҳамроҳи духтараке аз сўи наҳр ҷониби деҳа раҳсипор буд. Ҷаббор ўро аз дурраи баландаш, ки мисли қоши шоҳдухтарон дар пешонӣ баландак мебаст, шинохт, баъд ба ҳамроҳаш муроҷиат кард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё