Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Умматқул барои он ки ў ҳам бинад, нимхез шуда ба он сў нигарист. Ҷаббор рафти мотосиклро суст карда ба он сў нигоҳ кард ва сўи дўлона давидани писаракро дид. Баъд суръатро афзуда бо роҳи калон ба сўи дўлона давр гашт. Писарак тохт-тохту ба дўлона наздик шуда бозистод.
Баъд ҳайрон ба атроф нигарист. Мотосиклро дид, гурехта байни гандумзор паноҳ бурд,
— Саидқу-у-ул! Нагурез. Ман! Ман – Умматқу-у-ул! – ши- нохта фарёд зад ў, вале писарак гандумро поймол карда дар баҳри тиллоранг нопадид гашт.
Ҷаббор сечархаашро сари вот қарор дод ва онҳо бар асари ў рафтанд.
— Саидқу-ул! Натарс, Ман – Умматқул, баро, гап дорам!
Ҷавобе нагирифт.
Бригадир сар-сари вот мерафт. Умматқул дар майдони гандумҳои афтида пайи ўро гум кард. Боз фарёд зад. «Агар набароӣ, дорам, мекушам!» таҳдид кард ў. Садое нест. Чанд қадам дуртар
1 буттаи бегларўтӣ ҷунбид. Умматқул оҳиста-оҳиста қадам монда рафт. Дар байни буттаҳо ў мисли мурғи курк парчин хобида буд.
Яктаҳи сурхаш ўро фош кард. Умматқул аз домани ў дошта бардошт. Айнан мисли мурғ ба фиғон омада, дасту по зад.
— Натарс, намезанам!
Ў бовар накарда, дасту по мезад:
— Сар деҳ, ман туя халос кунам, гуфта омадам, назан!
— Намезанам, ором шав! Гандумҳоро поймол кардӣ...
Саидқул дигар дасту по назад, вале мегирист.
— Фаҳмидам, ту барои халос кардани ман омадӣ. Бигў, ки дигарҳо куҷо шуданд?
— Дигарҳо, дигарҳо... намедонам.
— Намедонӣ? Худат чӣ хел омадӣ?
— Гавҳар илтимос кард, гиря кард, набошад, намеомадам.
Онҳо ба сари вот баромаданд. — Саидқул зуъм карда ба Ҷаббор менигарист.
— Ту қаҳрамон, Саидқул, – ўро шерак карданӣ шуд бригадир.
— Ҳа, қаҳрамон, поям кўли хор шуду қаҳрамон, – гуфт ў ва ба пойҳои сиёҳ ва ажғо-ажғо кафида, ҷўя-ҷўя хун бастааш нигарист.
— Ҳеҷ гап не, хорҳо мераванд, вале пои ту мемонад.
— Ҳаа, мемонад, ба шумо.
— Мемонад, худам мўза харида медиҳам.

  1. Бўйи модарон.
пешина
аз 429
навбатӣ