Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

гуфта таъна зад, баъд маслиҳат дод, ки бикўчем. Ҳама хомўш буданд...
— А?
— Мегўм, ки ба маслиҳати ў касе чизе нагуфт. Ман рад кардам. Таёқро гирифта ба сари ман хест. «Ҳамаро ту ба бузбозӣ андохтӣ, муттаҳам!» гуфта дигаронро ба ман шўронданӣ ва ҳатто заданӣ шуд. Ман ҳам дов кашида хестам. Очам дод зада ба сўи ман ҷаҳид:
«— Бас кун, Умматқул! Дигар тоқат надорам. Як бурда нон лозим шавад, ба сад дар рафта металабидам, акнун ба дари кӣ равам? Ба дари ту? Ба дари занҳои Мараҷаб? Ба дари Норҷон?
Ба дари кӣ?!»
Дигар ҳама тарафдори ў шуданд. Ман гардан кашидам. Дасту поямро бастанд. Харҳоро бор бастанд. Ман бо онҳо рафтан нахостам...
— Барвақт рафта буданд?
— Ситораи рўз нав баромада буд.
— Мо хеле роҳ омадем. Дар ин муддат то ин ҷо омаданашон мумкин не... Эҳтимол аз Дупула гузашта сўи район рафта бошанд...
— Не... Хайр, маро ҳамин ҷо фароред, худам ёфта мегирам.
— Чӣ, ту ҳам аз колхоз рў мегардонӣ?
— Як худи ман колхоз намешавам-ку. Онҳоро ёфта маслиҳат кардан лозим.
— Умматқул, шумо акнун касони бесар нестед. Ба «Дафтари хоҷагӣ» дохил шудаед, яъне шумо гражданин ном доред. Ба ҳар қадаматон ҷавоб медиҳед. Онҳо ҳоло ҳуқуқашонро нафаҳмидаанд...
— Биргад, ин гапатона ба отам фаҳмонед.
— Ҳеҷ гап не, Умматқул. Ҳозир ба идораи колхоз меравем, бо раис маслиҳат...
— Не, биргад, ман намеравам. Ман бояд очамро, занамро ёбам.
— Девонагӣ накун, бояд раис ҳама гапро аз даҳони ту фаҳмад... Нафаро!
— Не, ман бояд фароям.
— Қарзатонро кӣ медиҳад?
— Чӣ хел қарз?
— Гандуме, ки бунак гирифта будед.
— Ун гандум қарз буд?
— Қарз буд. Гадоёна гумон кардӣ?
Умматқул ҷавобе надод. Пои ба замин гузоштаашро баргашта гирифт. Ў тамоми роҳ хомўш буд, ба дуродур менигарист. Чун ба дашти деҳа расиданд, дар байни гандумзор писарбаччаеро дид, ки сўи дўлона метохт. Гардан ёзонда нигарист, баъд ба гўшаи чашм ба Ҷаббор зеҳн монд, вай ба роҳ нигоҳ карда мотосикл меронд, метарсид, ки бероҳа нашавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё