Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пас мисли хирсу сайёд чашм ба чашм шуданд. Умматқул дид, ки чашми падарро хун гирифтааст, сахттар зеҳн монд. Худойқул мисли хирсе, ки чашми сайёд пурқувватӣ карда бошад, ғуррида рўй гардонданӣ шуд, вале якбора ҷаҳида аз гиребони писар гирифт, сахт гирифт, баъд афшонд. Умматқул гўё дастонаш бемадор гашта, боло намешуданд ва ё ў намехост ба падар даст бардорад. Аммо Худойқул аз чунин сустии Умматқул худро шер пиндошта ба гулўи ў чанг андохт. Умматқул сар ба пушт кашид, дасти падар ба харнойи ў расид, бо ду ангушт пахш кард. Сипас Умматқул дасти ўро пуршаст тела дод ва гумон кард, ки пўсти гулўяш ба ангуштони падар часпида рафт. Ў қасди падарашро яқин дониста ба хашм омад ва гуфт:
— Девона шудаӣ.
Худойқул худро ба замин андохт, то доси Умматқул партофтаро гирад. Умматқул ҷаҳида, досро зери по кард. Худойқул даҳон андохт, ки ўро газад, вале бригадир аз паси гиребони ў кашид.
— Ин лаънатиро куллук кун, бурда ба милиса супорем.
— Милиса ба ман чӣ кор дорад? – ба Ҷаббор теғи нигоҳ кард ў.
— Баъд мефаҳмӣ чӣ кор доштанашро... Умматқул, куллук бикун!
— Мон биравад, биргад-бобо, ягон рўз танҳоӣ ба дилаш занад, аз роҳаш мегардад, – маслиҳат дод Умматқул ва ба дасти рости ў нигарист, ки аз кор мондааст. – Биргад-бобо, маъиб шуд?
— Не, каме зарб хўрд. – Хаёле дасташро ҷунбонд ў. Худойқул аз нав таёқро гирифт.
— Танфурўш ту, худатро фурўхтӣ, моро фурўхтӣ, ҳамаро фурўхтӣ, даюс!
Умматқул хандид.
— Беномус, механдад ҳам! – ларзид Худойқул.
«Ҳооо, садқат бишам, дур ист!» аз дур садои Чинӣ баромад, гўё садои ў ба рўи рўдбор паҳн шуд. Аз паси буттаҳо ва зарбеду газгулҳо одамони тоифа як-як баромада Худойқулу писарашро ба ҳалқа гирифтанд. Кампири Чинӣ ҳалқаро шикаста байни давра шуд. Ба ранги кандаи бригадир нигарист. Парешонии писарашро дид. Баъд надонист, ки бо кадом рў ба шў нигоҳ кунад. Худойқул дамаш ба дарун зада, ба сони регзори оғар сиёҳ гашта буд. Таёқро ончунон мазбут медошт, ки паррандаи сўре аз дастш мерафта бошад. Манаҳи Худойқул ҷунбид, аз зери лабҳои пўшидааш садои ба ҳам соидани дандонҳо баромад. Пиразан ғазаби шавҳарро пай бурд ва ҳамчунон ки қаҳрамонҳо дар саҳнаҳои балет ҳаракатҳо кунанд, чашм аз Худойқул наканда, дастон ба пушт ишора кард, то гурезанд, вале ҳеҷ кас таъкиди ўро нафаҳмид. Ғурриши шеронаи пирамард баромад. Риши кабудчатоби ў якбора ларзид, сипас пирамард қадам андохт. Таёқаш бардошта шуд. Кампири Чинӣ фарёди талху тунде зад, баъд худро ба пои шавҳар андохта, сахт оғўш кард.

пешина
аз 429
навбатӣ