Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

«— Астағфуруллоҳ!» – садое омад аз даруни гўр. Зан ҳайрон ба гўр нигарист. Ба назараш як ҷуфт чашм оташ баровард. Зан фарёде зад ва афтид. Умматқул ҷуволро партофта сўи зан давид.
Чизи сиёҳе аз гўри кўҳна баромада гурехт. Аз санги гўре садои асо баромад. Умматқул нигоҳ кард ва «Одам» гуфт.
— Кистӣ?! – фарёд зад Умматқул, сиёҳӣ ғайб зад. – Нагурез!!!
Ҷавобе нагирифт. Пас ҷуволро ба гўри кўҳна андохт. Хоки лаби гўрро дарун гардонд, ҳарчӣ ёфт, аз болояш пахш кард ва зани беҳушро бардошта, аз гўристон берун рафт. Зани хурдӣ аз паси ў меомад.
Борон меборид, вале дар санглох оташ аланга мезад.
6
Харҳо ҳамчу корвони шутур қатор мераванд. Сабзаҳо навхезанд: зери суми харҳо маҷақ мешаванд. Ду тоифа бо ҳам мераванд.
Ҳамчу селаи орувони хонахароб. Сабза пояндоз. Қатраҳои борон рўи сабзаҳо мисли симоб тобанд. Табиат гўё барои сафари мардум зебо ва дилрабо шудааст, танҳо барои сафар, вале ҳоло лолахасаку лолаарўсак нашукуфта ва дар дашт рўзи арўсӣ намерасад. Офтоб дар як лаҳза нами боронро аз баргу пояи сабзаҳо рабуд.
Дар паҳлўи қатори харҳо марди тануманди чорпаҳлў не, балки ҷавони сиёҳи навча равад ва ҳар лаҳза дар дил «Раис фиреб кард» гўяд.
Онҳо якбора хару хингил карданд. Маслиҳате нашуд, ки куҷо раванд. Умматқул ба умеди раис шуду ба ҷустуҷўи падар нарафт.
Харҳо аз санглох ба роҳ баромаданд. Занону кўдакон сархам мерафтанд. Зани Умматқул вазнин-вазнин по мепартофт. Гавҳар аз паҳлуи ў канда набуд. Аз лаби ҷўи беоб гули қоқу биканд ва ба янгааш дароз кард.
— Ба акаат бите, – гуфт ў.
— Не, барои шумо кандам.
Талъат гули зарди тугмашаклро гирифт ва оҳиста-оҳиста қадам монда пеш рафт, ба шавҳар бахшад...
Аз пас садои сигнали мошин баромад. Занону кўдакон аз роҳ бероҳа шуданд. Умматқул харҳоро ба канори роҳ гардонд.
«Волга»-и раис аз занҳо гузашту назди Умматқул истод.
— Ҳа, Умматқул? – хитоб кард раис. – Ба куҷо?
— Худамон намедонем. Дар зиндагӣ одами ростгў набудааст.
— Кам…
— Не раисбобо, набудааст.
— Аз ман ранҷидӣ?
— Не, барои чӣ ранҷам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё