Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Умматқул, ҳоло вақти сўҳбат не, райком даъват кардааст, бегоҳ наздатон меоям.
— Не, бас, раис-бобо. Як ҳавас кардем, нашуд. То шумо меоед, ки мо…
— Ту хафа нашав, ягон ҷо ёб, ҷое ёб, ки иморат сохта шавад.
Хайр...
— Раис, раисбобо, – фарёд зад Талъат. Мошин истод. Умматқул ҳайрон буд.
— Ана ин гул ба шумо!
Раис гули қоқуро гирифту хандид ва ба Умматқул нигоҳ кард:
— Зани ту? Нағз... Хайр, раҳмат!
«Волга» сабук хазида рафт.
Умматқул каме ҳайрон нигоҳ карда монд ва сари харҳоро бероҳа гардонд: сўи дўлонаи калон ронд. Зери дўлона бору буна партофтанд.
Пеш аз он ки хаймаҳо зананд, модар Умматқулро ба кунҷе кашид. Аввал ба сару рўи ў нигоҳи тез кард, баъд ранги рўяш канд. Умматқул гумон кард, ки ҳозир ба бари рўяш тапончае мерасад. Худро як қадам ақиб гирифт. Модар ҳам як қадам пеш омад: «Натарс, намезанам» гуфт модар. Умматқул беихтиёр боз қадаме ақиб рафт. «Намезанам, гуфтам-ку...».
— Мезанӣ!
— Не, намезанам, бишин...
Умматқул назди модар ба зону нишаст.
— Ту ҳоло ҷавон. Одаму оламро намефаҳмӣ, қадри одамро намедонӣ. Асо бигиру аз паи падарат шав. Биёбу тавба кун ва гирифта биё...
— Аз ман ин хел хоҳиш накун...
— Баччагӣ накун...
— Оча, гапатро намегардонам, вале ба ин кор не.
— Ҷавонмарг нашавӣ, ў падар мешавад.
— Шудан гирад. Лекин ин хел не.
— Тоифаҳои дигар фаҳманд, ба ту наълат мехонанд, ёру дўст назар намекунанд.
— Охир, ман ўро рав нагуфта бошам... Вай ин ҷо биёяд, занҳои Мараҷаб мемонанд?
— Узри онҳо ба гардани ман... Ту дер накун.
— Гапам якта...
Чинӣ ба писараш бад нигоҳ карду асояшро гирифта ба роҳ даромад. Умматқул чизе нагуфт ва аз ҷояш наҷунбид. Талъат аз паси ў давида, дошт.
— Бибӣ, куҷо меравӣ?
Чинӣ ҷавоб надод, силтакитф зада аз ў ҷудо шуд ва тез-тез қадам партофт. Талъат ба шавҳараш нигарист ва фарёд зад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё