Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

доду вой занҳо ба Умматқул наздик шуда чунин шарҳ доданд:
«Додои ту худ ба худ мегуфт, ки «Писарамро кушта, баромада меравам». Инро шўи мо фаҳмида рафт, ки аз роҳаш боздорад.
Вале ба чодар сар халонду Худойқул «Ҳа... лаъ-натӣ!» гўён ўро чӣ кард, ки овозаш набаромад. Давида омадем, ки ҳол чунин, пай ҳасту ҳайдар не».
Ҳама мисли дарахтони тути каллак ҷо-ҷо ба сукут рафтанд.
Гулхани байни санглох забона мезад. Моҳ монанди дойраи сари дасти дойрадаст дар сари кўҳ худнамоӣ дошт. Ситораҳо монанди садбаргҳои шукуфтаи сабзбоғе назаррас буданд ва чун сангҳои гаронбаҳо пурҷило.
Ду зан аз тўда ҷудо шуда ба хаймаи Маҳмараҷаб даромаданд.
Онҳо ҷасади аз чодари Худойқул овардаи ўро ба ҷуволе ҷо карданд. Вале зўрашон нарасид, то сўи қабристон баранд. Зани калонӣ рафта, Умматқулро ишора кард. Чашмони ў аз шўълаи оташ дурахшид, ба касе чизе нагуфта сўи зан омад. Занак ба гўши ў пичиррос зад:
— Ёрӣ бите.
— Чӣ хел?
— Ҷасади ўро бурда, ба ягон обкан партоем.
— Пагоҳ баобрў гўр мекунем.
— Не, холат садқа. Барои ту шуда мо ўро куштем. Ў хост туро...
— Бас кунед!!!
— Холат садқа, обрў гуфта нашин. Дигар кас ҳам лозим не.
Ҳар се мебарем.
— Ба куҷо?
— Холат садқа, ба қабристон барем, ягон гўри кўҳна будагист.
Забонаи оташ як доираи худро равшан мекард, вале атроф тира.
Умматқул бо ёрии занҳо ҷуволро ба дўш бардошт. Ҷасади вазнин гўё саркашӣ карда аз дўши ў фурў мелағжид. Умматқул дам ба дам силтав дода ҷуволро боло мебардошт. Нўги пояш ба сангҳо бархўрданд, зери пояшро сангҳои лўнда лат доданд. «Мурда аз зинда вазнин будааст» аз дил гузаронд ў ва рўзи аз таги Дўлонаи калон пуштора карда оварданаш ёд омад. Хост ҷасадро сари роҳ гузораду баргардад. Аз занҳо шарм кард. Яке пеш-пеш, дигаре аз дунболи Умматқул мерафт. Умматқул ба санг пешпо хўрда парў афтид. Ҷасади вазнин ба болояш омад. Ў ҳаросид. Ҷуволро бо оринҷи рост ба паҳлў тела дода бархост ва аз нав онро ба дўш бардошт.
Борон дона кард. Умматқул ба лаби гўристон по ниҳод. Занҳо гўри фурўрафта мекофтанд. Зани калонӣ ба гўри фурўрафта наздик омад. Даҳони тираи гўрро дида ўро ҷеғ зад.
— Умматқул, ин ҷо биё!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё