Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Баъд шартӣ неши алмос чаккаи ўро бурид.
Усто як қад парид. «Наҷум, садқат бишам!» гуфт Чинӣ боз як неш зад ва боз. Аз чаккаи ў хун зиҳ зада баромад. Сипас Чинӣ шохро аз рўи латтаи сафеди дар лаби марза гузоштааш гирифта, ба рўи қатраҳои хуни чакка пахш кард ва нўги дигарашро ба даҳон бурда, сахт-сахт фурў кашидан гирифт. Дергоҳ фурў кашид. Бемор аввал ҳис кард, ки сабук шуда истодааст, вале чун шохи пур аз хунро аз чаккаи ў бардошта ба сагкоса рехт, чашмони бемор сиёҳ зад.
Хуни ў сип-сиёҳ шуда буд ва онро Чинӣ «хуни ҳаром» номид, вале медонист, ки хун андаруни шох дам карда сиёҳ шуд. Баъд ҳамчунон аз чаккаи тарафи рост хун гирифт. Бемор бемадор шуд. Оҳиста аз китфони ў дошта ба хона дароварда ба бистар хобонданд.
— Хеле сабук шудӣ, садқат бишам, иншоолло, дар рўзҳои наздик тамоман дуруст мешавӣ, – гуфта баромад ва шоху алмосро шуста бо латтаи сафед пок карда ва ба дасти соҳиба нигарист.
Соҳиба чизи зиёде ҳозир карда буд, вале Чинӣ ба «бардорад, зам кун» бирафт: «Ман музди ин корам фақат пул мегирам». Соҳиба ба рўи ў ҳайрон нигоҳ кард ва чизе нагуфта, хона да- ромада, пул баровард.
Чинӣ пулро гирифт ва чизҳои дигарро, ки соҳиба бароварда буд, хам шуда моли худ кард ва ба занак рўи оварда:
— Агар ин ҳам мадад накунад, омада аз пушти буҷулаки пояш хун мегирам, – гуфт ва пушт гардонда рафт...
Рўзи дигар Умматқул хуб раҳи раисро поид. Аз раис дараке набуд. Дилаш ганда шуд. Ба сари воти ҷўй нишаста ба фикру хаёл рафт:
«Отам рост гуфт, асрҳо беписанд будем, беписанд мемонем.
Раис-бобо муомилаи хуб кард. «Меравам, ҳамааш хуб мешавад»
гуфт. Наомад. Фиреб дод ё табъаш намебардорад, ки назди мо ояд.
Ҳа-а... хар ҳар кадар бор кашад, боз шаллоқ мехўрад. Корҳои хуб кўҳ-кўҳ иҷро шаванд, ба назар хеле дер намояд, вале арзан барин гунаҳ шавад, ҳамон лаҳза олам пур. Як даҳан гапи бадмаст апаи моро дар байни мардум сабукпо кард. Гўё бўи резини сўхта фазоро вайрон карда бошад, бадии мо, ҷўгиҳо, оламро гирифтааст. Мо худро озод ҳисоб мекунем. Касе ин тараф гард намегўяд. Охир, ин чӣ хел озодӣ? Не. Агар дигарҳо дар ҳабсхонаҳо бо гуноҳе хобида бошанд, мо бо дасти хеш худро дар чодари сиёҳ маҳбус кардаем.
Аз ин ҳаёти дилбазану пасте ҳаст магар?... Агар зиндагии мо ба зиндагии одам монанд мешуд, раис ҳазар накарда меомад, маслиҳат медод. Ба инҳо мефаҳмонд. Чунон ки ба ман гуфт, ба инҳо ҳам «Танҳо тоифаи шумо колхоз нашуда мондааст. Ҳама ҷо сериву пурӣ, меҳнат карда, нон ёфта, хўрда метавонед. Айёми дарбадариатон гузашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё