Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Келинам рафт. Гапатро ба ў нагуфтӣ?
— Надидам.
— Хайр, садқат бишам. Шўят хест?
— Хест. Лекин сардард шудааст.
— Баҳор, садқат бишам, дар баҳор дард авҷ мекунад.
— Холаи Чинӣ, аз мардаки ман хун мегирифтӣ.
— Хунгирӣ кори осон нест. Шўят тоқат карда метавонад?
— Метавонистагист.
— Хайр...
Чинӣ бархоста ба хайма даромад ва чизеро дар латтаи сафед печонда, ба зери бағал зада баромад. Ин бор асову халта нагирифт.
Ҳамроҳи зани усто санглохро рост шуда сўи деҳа рафт.
Усто Раҳим дар хона набуд. Баъд аз хеле вақт пайдо шуда омад. Сарашро бо фўтаи сурх баста буд.
— Усто, садқат бишам, сиҳат шудаӣ-ку! – Чинӣ ҷодугардонашро дар назар дошт.
— Не, холаи Чинӣ, сарам хеле азоб медиҳад.
— Ку бишин, – лаби марзаро нишон дод Чинӣ. Усто лаби марза нишаст.
Чинӣ фўтаи ба гирди сар печидаи ўро кушода, ба чаккаҳояш зеҳн монд ва баъд даст бурда, чизеро дарк кардагӣ барин «Ҳа-а»
гуфт сўи соҳиба:
— Рост гуфтӣ, хун гирифтан лозим... Ту чӣ алам дорӣ, ки хунат ҷўшидааст?
— Аламе надорам, ҳамин хел шуд. Кори Худо.
— Кори Худо, садқат бишам, кори Худо. Акнун худатро шер гир, – аз байни латтаи сафед шох ва барги алмосро бароварда гуфт Чинӣ.
Мўи бадани усто рост шуд ва хунаш тезтар гашт. Дар пешониаш қатраҳои арақ зада баромад.
— Ту усто, дар дастат доим теғ, боз метарсӣ, – ўро шерак карданӣ шуд ҷўгизанак.
— Тарс не, ҳамин хел.
— Хайр... розӣ ҳастӣ, ки хун гирам?
— Майлат, холаи Чинӣ, ман бисёр азоб мекашам. Духтур намонд, мулло намонд... Чанд вақт дар касалхона ҳам будам, як сабук шуду боз авҷ кард...
— Баҳор, усто, баҳор. Дар ин вақт дард авҷ мекунад... Хайр, бисмиллоҳи раҳмони раҳим. Дасти ман не, дасти ҳазрати Бифотима, – теғи алмосро рост карда гуфт ў ва ба чаккаи бемор, ки бо шох макида хунро ҷамъ карда буд, бурд. Дастони ў намеларзиданд.
Ҷўгизан бепарво буд мисли қассобе, ки лак андар лак молро сар зада бошад. Теғи алмосро байни нарангушту сарангушт кўтоҳу сахт медошт. Бемор чашм пўшид. Чинӣ як бор неши алмосро оҳиста ба чаккаи бемор расонд. Бемор дардеро ҳис накард ва гумонаш, ки раг зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё