Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Ин чӣ маънӣ дорад?
— Накушо!!! Ба келини худат хўҷаинӣ кун!
Маҳмараҷаб нописандона ба пурси ҳоким посух нагуфта сўи Чинӣ дод зад ва шаммае ба кирдори худу писари онҳо ишора кард. Худойқул мағз об мекард, то чун кунад бо ў.
— Ту, осўхтаи қоқ, як кўкон занро баста чӣ кор карданӣ?
— Корут набошад… Зану келини худата ҳитиёт кун!
— Чӣ шуда ба зану келини ман?
— Аз худашон пурс…
Худойқул пай бурд ё тахмин кард, ки зери коса нимкоса ҳаст, як ба Чинӣ нигоҳи сахт кард ва Маҳмараҷаб наздик шуд: «Тиррончаки иғвогар, чанд бор гузашт кардам. Ҳоло чўб мезанам…Чўб!»
Маҳмараҷаб адабчўби барои занҳо тайёр кардаро боло бардошта ба сардор таҳдид кард: «Ба чашмони хунгирифтаам нигар, сонӣ, аз ҷонат сер шуда бошӣ, наздик биё!» Худойқул ба ҷои он ки хашм гирад, хандид: «Девона, беақл… Монанди пуштиҳо зери мард хобида дўғ занӣ: «Кӣ пуштӣ?» Марди баномуси боло «Ман пуштӣ» гўяд бо нанг».
— Пуштӣ – писарат! Пуштӣ – келинат!
Худойқул пай бурд, ки асроре ҳаст. Сухан сарборӣ дониста пеш омад, то аз харнойи ў гирад. Маҳмараҷаб пас-пас рафту дўғ зад:
«Талъатро ман гирифтанӣ будам. Ту – Калон, келин кардӣ…»
— Ту аввал ҳамин кокулбастаҳоро саришта бикун!
— Ба хурўс садтоаш ҳам кам…
Худойқул дигар тоқат карда натавонист: «Шумо хурўс… Дар як сол як дона тухм мекунед… Садои «қу-қу» АЗ пуштатон мебарояд. канӣ, бинам, пуштатонро даррондааст ё не? Надарронда бошад, маҷбур мекунем, ки боз зоед…»
— Ту… ту… ҳаром, каттагӣ накун! Сардориат ба худат! Самарқанд пеши калонамон меравам. Мегўм ки туро дар Ҷўгихона буз кашанд…
— Буз кашиданро дар чашмат нишон медиҳам!
Арбада карда, ҳуҷумовар шуд ва асо кашида гирифтанӣ. Ў асо андохт. Худойқул аз ҳаво дошт нўги асоро. Кашокаш шуд.
Худойқул бо асо пас тела дод ўро ва якбора пеш кашид. Асо раҳо гашт аз дасти Маҳмараҷаб ва ҳамон замон ба миёнаш зарбаи сахт расид. Садое омад, ки ба чўбе бархўрд асо. Ў вовайлову шаттоҳӣ карда ба замин нишаст.
Чинӣ ба чизе аҳамият надода кокулони ба ҳам бастаи занони ўро кушод. Чанд тан дилсўз назди шў омаданд: чанде рамида, даст бар лаб тарсуву ҳайрон буданд…
Зани усто Раҳим ба хаймаи ҷўгиён омад. Чинӣ ҳайрон шуд:
«Читу ита ба тарафи мо?»
— Чанд вақт боз роҳатро мепоям, ба хонаи мо намедароӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё