Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз сўи район «Волга»-и зардча чун моҳии заррин дар баҳри сабзаи баҳорӣ шино карда омад. Онҳо бероҳа шуда, канор истоданд. «Волга» назди онҳо якбора истод. Шахсе аз дари рост сар бароварда «Умматқул, кабкҷанг ба одамҷанг гузаштааст-ку?» гуфт.
Талъат аз шарм чашмони тарашро ба дигар тараф тофт. Умматқул мисли кўдаке, ки аз паси мададгоре бо тавалло медавида бошад, «Раис-бобо, раис-бобо!» гўён назди мошин рафт ва оҳиста салом дода, даст дароз кард.
— Умматқул, намади сиёҳ ба шуштан сафед намешавад, мегўянд, вале ту бо об сафед шудагӣ барин, – навхонадории ўро дар назар дошта ҳазл кард раис.
– Иншоолло, мешавад, раис-бобо... Раис-бобо, ба шумо гап доштам.
— Ку, гап зан, боз кабкҷанг карданӣ ҳастӣ?
— Не, гапи бисёр, ба идораатон рафтанӣ будам.
— Хайр? – раис дари ақибро кушод, – Шин!
Садои мотори мошинро овози пурдаҳшати занона пахш кард:
«Маро ҳам баред!!!»
Раис баргашта ба пас нигарист. Талъат аз паси мошин метохт.
«Дор, дор!» ба ронанда хитоб кард раис. Мошин истод. Талъат расида омад. Вале боз рўй тофта истод.
— Чӣ гап, Умматқул?
— Баъд, раис, – дарро кушода оҳиста ба занаш гуфт: – Гашта мебиём.
Талъат чизе нагуфт. Мошин ҳаракат кард. Ҷўгиҳо аз чодар баромада бо ҳайрат нигарон монданд.
Соате нагузашта аз хаймаи Маҳмараҷаб садои ҷонхароши занҳо баромад, баъд ба мағал табдил ёфт. Ҳамаи ҷўгиён ба он ҷо тохтанд. Миллаи занҳои Маҳмараҷаб ба ҳам баста буданд ҳамчун бузғолаҳои кўканбастаи овули Усмон. Ва ў дар даст асо онҳоро мезад. Онҳо пушт ба пушт буданд, гираҳи миллаҳояшонро кушода наметавонистанд.
— Боз ин чӣ гап, Мараҷаб? Оқибат ҳамин бечораҳоро зада мекушӣ, – ба чодар сар халонда гуфт Чинӣ.
— Ту чӣ кор дорӣ ба занҳои ман, баро!
— Ноасил, инҳо чӣ гуноҳ карданд?
— Кори ту набошад, инҳо занҳои ту не, занҳои ман...
Худойқул сурфида омад. Дасту пои Маҳмараҷаб суст шуд.
— Заб номаъқул мекунӣ ту! – ба Маҳамараҷаб рў овард сардор.
Сари ў хам шуд. Чинӣ мўйҳои онҳоро кушоданӣ шуд. «Кордор нашав!» шўрид Маҳмараҷаб. «Чӣ-да кордор нашавад?!» худдорӣ карда натавонист Худойқул. «Онҳо занҳои ман, занҳои Чинӣ не!
Онҳо онҳо зиндаю мурдаи маро ба гардан гирифтаанд, аз они Чиниву Умматқулро не!»

пешина
аз 429
навбатӣ